Ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани таъсири COVID-19 аз ҷониби шарикони рушд маблағҳои имтиёзнок ҷалб шуданд

Август 3, 2020 13:35

ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби маблағҳо ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани таъсири иқтисодию иҷтимоии пандемияи коронавирус ба мамлакат бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд гуфтушунидҳо гузаронида шуда, маблағҳои имтиёзнок ҷалб карда шуданд. Ин матлабро  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намуд. 

Ӯ афзуд, ки аз ҷумла, аз Хазинаи Байналмилалии Асъор 189,5 млн. доллар қарзи бефоиз, аз Бонки Осиёи Рушд 50 млн. доллар, Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 млн. доллар, Бонки Исломии Рушд 9,4 млн. доллар (дар доираи азнавтақсимкунии маблағҳои сарфашудаи лоиҳаҳои анҷомёфта) ва Ҳукумати Германия 1 млн. евро маблағҳои грантӣ ҷалб карда шуданд. Дар айни замон гуфтушунидҳо ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантию қарзӣ аз Бонки Осиёи Рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди Авруосиёгии Рушд, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ идома доранд.

Завқӣ Завқизода ҳамчунин зикр кард, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон 32,4 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 банди фоизӣ кам аст.

Номбурда зикр кард, ки таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якум нишон дод, ки пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ низ бетаъсир намонд. Дар шаш моҳи якуми соли 2020 хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз, дар ҳаҷми умумии тақрибан 2 млрд. сомонӣ коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Вазир, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳо 45,3 фоиз, тарабхонаҳо 17,3 фоиз, мусофиркашонӣ 8,7 фоиз, аз ҷумла бо нақлиёти ҳавоӣ 57,8 фоиз ва роҳи оҳан 21,4 фоиз, гардиши савдо 5,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз, аз ҳисоби манбаъҳои хориҷӣ 26 фоиз, воридот 4 фоиз ва боркашонӣ 3,3 фоиз, бахусус бо нақлиёти ҳавоӣ 38 фоиз коҳиш ёфтанд.

Ба андешаи  Завқӣ Завқизода, нархи ҷаҳонии пахта ба санаи 27 июли соли равон нисбат ба аввали сол 197 доллар ва алюминий 104 доллар паст шуд, ки ин ба ҳаҷми содирот бетаъсир намемонад.

Инчунин зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми воридот аз давлатҳои ҳамшарики асосии тиҷоратӣ, ба монанди Ҷумҳурии Мардумии Чин 18,3 фоиз, Туркия 22,2 фоиз, Япония 43 фоиз, Украина 52,3 фоиз, Эрон 11,7 фоиз кам гардид, ки сохтори онро таҷҳизоти технологӣ, ашёи хом барои саноати коркард, мошинолот ва дигар маҳсулоти зарурӣ ташкил медиҳад.

Ҳарчанд ки пайомадҳои иқтисодии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ эҳсос мешавад, вале бо мақсади кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии COVID-19 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи тадбирҳо роҳандозӣ гардида истодаанд.

Аз ҷумла, оид ба пешгирӣ ва кам намудани таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ аз 19 марти соли 2020 нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.

Инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки барои дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорон, табақаҳои аҳолии осебпазир ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Август 3, 2020 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст