ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон номзади худро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард

Август 24, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 24.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар шаҳри Душанбе  анҷумани VIII  Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он бо овоздиҳии якдилонаи 160 нафар вакил раиси ҳизби мазкур Рустам Раҳматзода номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.   

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар анҷуман Рустам Раҳматзода  маърӯза намуда, зикр кард, ки ҳадафи асосии ӯ дар барномаи пешазинтихоботӣ рушди иқтисод ва кам кардани камбизоатӣ дар мамлакат мебошад.

Рустам Раҳматзода дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст иштирок мекунад. Номбурда ду маротиба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Дар мамлакат интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад. То имрӯз аз ҳафт ҳизби сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳизб: ҳизбҳои аграрӣ, сотсиалистӣ, демократ ва ислоҳоти иқтисодӣ номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҲИИТ соли 2005 таъсис ёфта, ҷонибдори татбиқи ислоҳоти аграрӣ, таҷдиди сиёсати саноатӣ ва ҳалли мушкилоти молиявӣ мебошад. Аз соли 2019 роҳбарии ҳизби мазкурро Рустам  Раҳматзода ба уҳда дошта,  то ба  ҳол ҳизби мазкур бо 31 600 аъзо фаъолият дорад.

Август 24, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон