ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. КМИР масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуд

Август 24, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 24.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба санаи 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи Комиссияи марказӣ 7 нафар аъзои комиссия иштирок дошта, намуна ва шакли ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани интихоботи дарпешистода, ташкили гурӯҳҳои корӣ оид ба таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ, баррасии арзу шикоятҳо, санҷиши асолати имзоҳои ба тарафдории номзадҳои пешбаришуда ҷамъоваригардида, таъсиси маркази матбуоти Комиссия, тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили участкаҳои интихоботӣ дар давлатҳои хориҷӣ баррасӣ карда шуданд. Дар баробари ин роҳнамоҳо оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ барои кормандони милитсия ҷиҳати таъмини бехатарии раванди интихобот ва барои волонтёрон дар интихоботи президентӣ баррасӣ гардиданд.

Бо қарори Комиссияи марказӣ намуна ва шакли ҳуҷҷатҳо тасдиқ гардиданд, ки онҳо аз ҷониби комиссияҳои поёнии интихоботӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд. Дар баробари ин аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои мухталиф гурӯҳҳои кории Комиссияи марказӣ оид ба таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ, оид ба санҷиши асолати имзоҳои ҷамъоваришуда ба тарафдории номзади пешбаришуда таъсис дода шуданд. Дар баробари ин барои баррасии ҳаматарафа ва саривақтии арзу шикоятҳои ба раванди интихобот дахлдошта гурӯҳи кории мустақил амал мекунад.

Маркази матбуотии Комиссия ва Тартиби ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тасдиқ гардиданд, ки онҳо ба тақвияти таъмини шаффоф ва ошкоро будани маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода мусоидат мекунанд. Ҳамчунин бо қарори Комиссияи марказӣ дар 29 давлати хориҷӣ дар назди сафоратхонаҳо, намояндагиҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 участкаи интихоботӣ ташкил карда шуданд.

Корҳои ташкилӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

Август 24, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон