Истеҳсоли ваксинаи Россия бар зидди коронавирус дар ду ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад

Август 13, 2020 11:51

ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бастаи аввали ваксинаи зидди коронавируси Россия дар тӯли ду ҳафта тавлид  ва дар қадами аввал ба одамони шомили гурӯҳи хатар дастрас хоҳад шуд. Тавре ки  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Интерфакс иттилоъ медиҳад, дар ин хусус роҳбари Вазорати тандурустии Россия Михаил Мурашко зимни нишасти матбуотӣ, рӯзи чоршанбе, 12 август эълом намудааст.

«Назорати сифати дору имрӯз ҳам идома дорад. Дар тӯли ду ҳафта бастаҳои нахустини ин дору таҳия ва барои эмкунии табибони шомили гурӯҳи  хатар истифода хоҳанд шуд», — гуфт вазир.

Даъвоҳоро дар бораи ин ки ваксинаи зидди коронавируси дар Россия ба қайд гирифта шуда гӯё бехатар нест, Мурашко беасос номид. «Ҳамкасбони хориҷӣ шояд рақобатпазирии ваксинаи  Россияро ҳис ва кӯшиш мекунанд, ки баъзе фикрҳоро баён кунанд, вале ба назари мо, онҳо комилан беасосанд. Воқеан, бисёр кишварҳо реҷаи сареъро барои гузаронидани таҳқиқот истифода намуданд, аммо ваксинаи Россия ин қарорест, ки аллакай маълумоти муайяни клиникӣ дошт», — гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, заминае, ки рӯи он ваксина коркард шудааст, аз доруҳое иборат аст, ки як қисми онҳо дар марҳилаи таҷрибаҳои клиникӣ қарор доранд ва қисми дигари онҳо аз озмоишҳо гузашта,  сабти ном шудаанд.

Рӯзи сешанбе президенти Россия Владимир Путин эълом кард, ки Россия  нахустин дар ҷаҳон ваксинаи зидди  уфунати коронавирусро сабти ном намуд. Доруи  дар Институти ба номи Гамалей коркардшуда, тавре ки дар ҷаласа эълон шуд, дар корхонаи дорусозии “Биннофарм” дар Зеленоград (шомили системаи АФК мебошад) истеҳсол хоҳад шуд. Хароҷоти вобаста ба коркард ва истеҳсоли ваксинаро Фонди сармоягузории мустақими Россия  (ФСМР) маблағгузорӣ мекунад. Вазорати тандурустӣ изҳор менамояд, ки  ваксина бехатар аст. Путин эълом намуд, ки яке аз духтаронаш ваксинаро  бомуваффақият эм намудааст.

АКС аз бойгонӣ

 

Август 13, 2020 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид