КМИР ва Академияи идоракунии давлатӣ доир ба гузаронидани интихобот ҷаласа доир намуданд

Август 28, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносон аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) бо устодон кормандон ва донишҷӯёну магистрантон мулоқоти судманд доир гардид. Дар ин бора аз Академияи идоракунии давлатӣ  ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Дар вохӯрӣ  Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодирзода, декани факултети дипломатия ва сиёсат, коршиноси КМИР Далер Қодирзода иштирок намуда, вобаста ба моҳияту зарурати интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши овози ҳар овоздиҳанда дар интихоботи дар пешистода сухан гуфтанд.

Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун маъракаи муҳими сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунгузории интихоботии ҷумҳурӣ танзим карда мешавад. Бо мақсади танзими қонунии ин раванд Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шудааст. Заминаи устувори меъёрии ҳуқуқии дар ин самт мавҷуда дар Тоҷикистон  имконият медиҳад, ки маъракаи зикргардида дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, бо риояи стандарту меъёрҳои байналмилалӣ баргузор гардад.

Сипас Абдуҷаббор Қодирзода Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро шарҳу тафсир дода, вобаста ба ҳуқуқу ваколатҳои аъзои комиссия ва интихобкунандагон изҳор дошт, ки масъулияти ташкил ва баргузории интихоботи президентӣ дар фазои озод, ба таври шаффоф, бо риояи қоидаҳои демократӣ ва стандартҳои байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон маҳз ба зиммаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон вогузор шудааст. То ба имрӯз аз ҷониби Комиссияи мазкур барои дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди ҳуқуқиву ташкилӣ ва иттилоотиву ташвиқотӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади амалӣ намудани ин маъракаи  муҳими сиёсӣ КМИР нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузарондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, гузашта аз он ба мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аъзои комиссияҳои участкавӣ ва ҳавзавӣ, бархӯрдор намудани онҳо аз мазмуну моҳияти қонунгузории интихобот дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат семинарҳои омӯзишӣ гузаронда мешаванд.

Дар мулоқот аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соҳиби ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошанд, даъват ба амал оварда шуд, ки 11 октябр дар маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд ва барои ободиву пешрафт, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, ояндаи неки Тоҷикистони азиз мавқеи худро муайян намоянд.

Август 28, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон