Конференсияи XIX ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

Август 21, 2020 16:16

ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар пойтахти мамлакат Конференсияи XIX ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар конференсия ду масъала — ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 6 августи  соли 2020 оид ба вазифаҳои навбатии ташкилоти ҲХДТ дар марҳилаи омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби вакилон ба Анҷумани XIV ғайринавбатии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки мутобиқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис маърӯзаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар бораи ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани  Қарори Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 6  августи  соли 2020 оид ба вазифаҳои навбатии ташкилоти ҲХДТ дар марҳилаи омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Зикр гардид, ки гузашти давраҳои гуногуни таърихӣ дар шинохти саҳфаҳои давлатдориву давлатсозӣ собит намудааст, ки низом ва ё неруи сиёсие, ки дар фурсати хеле ками вақт бозтоб ва ё қобили эътибор мешаванд, ҳастию тамоми рисолаташон баҳри хостаҳои миллату ҷомеа равона мегардад.

Ба андешаи И. Мирзозода, аз марҳилаҳои тайкардаи ҲХДТ метавон натиҷагирӣ намуд, ки баробари рӯйи кор омадани ин неруи тозаи сиёсии ҷомеа равиши масъулияту низоми интихобот ва шохаҳои давлатдории мо тадриҷан навсозӣ гардида, арзишҳои волои миллиамон эҳё гардиданд.

«Дар раванди баргузории интихобот ҳар як ҳизби сиёсӣ кўшишу талош бар он менамояд, ки дар ҷомеа ҳарчи зиёдтар раъйи бештар ба даст оварда, тадбиқи ғояҳои худро ба таври самаранок амалӣ намояд. Албатта, ин марҳилаи навбатӣ бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, махсусан барои ҲХДТ давраи муҳиму тақдирсоз ва иҷрои ормону хостаҳои халқ ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ мо бояд минбаъд дар асоси барномаи ҳизбиамон сиёсати бунёдкоронаи худро идома бахшида, ба масъалаҳои таҳкими амнияту оромии сиёсӣ, рушди пайгиронаи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоистаи мардум таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем»,- иброз дошт раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода.

Сипас, вакилони Конференсия аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис 146 нафар вакилро ба Анҷумани XIV ғайринавбатии ҲХДТ  пешбарӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, бо қабули қарорҳои дахлдор аз рўйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда, Конференсияи XIX ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба кори худ анҷом бахшид.

Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вакилон аз кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҳудуди пойтахт ҳузур доштанд.

Август 21, 2020 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид