Кормандони Раёсати андози вилоятм Суғд ба маблағи 27,3 млн сомонӣ ҳолатҳои пинҳонкунии андозро ошкор намуданд

Август 9, 2020 10:33

ХУҶАНД, 09.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати андози вилояти Суғд дар доираи иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сари вақт пардохт намудани андоз ва ҳолатҳои саркашинамоӣ аз андозсупорӣ давоми шашмоҳаи  якуми соли 2020 нисбат ба фаъолияти 340 соҳибкори инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузарониданд. Дар натиҷа ба маблағи 27,3 млн.сомонӣ ҳолатҳои пинҳонкунии андозро ошкор намуда, аз ин ҳисоб 24,6 млн сомониашро ба буҷети давлат ситонидаанд. Дар ин бора   сардори Раёсати андози вилояти Суғд Абдуқаюм ВОҲИДОВ  ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Абдулаҳад ШАРИФЗОДА  иттилоъ дод.

Сардори раёсат ҳамзамон илова намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо 1531 адад қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи умумии 55,9 млн.сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб 40,1 млн.сомонӣ рӯёнида шуд, ки   нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,6 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин имрӯз мувофиқи ҳисобот дар миқёси вилояти Суғд 35 536 нафар соҳибкорони инфиродии бо патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 33,0 млн.сомонӣ андозҳо ворид гардида, шумораи соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 904 нафар зиёд гардидааст. Вобаста ба имтиёзҳои пешбинишуда ҷамъоварии андозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 5,2 млн.сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон дар ин давра дар доираи иқдоми Пешвои миллат оид ба пешгирии таъсири пайомадҳои касалии сироятии Ковид-19 ва дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар кишвар як қатор имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ карда шуда, аз ин ҳисоб тибқи маълумоти пешакӣ беш аз 14,0 ҳазор нафар соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда, 2,2 ҳазор нафар соҳибкорони бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ва беш аз 500 шахсони ҳуқуқӣ оид ба муваққатан боздоштани фаъолият ба мақомоти андоз муроҷиат намудаанд. Дар ин замина, аз ҳисоби озодкунӣ аз андозҳо, кам намудани меъёри андоз ва таҳти таҳлили андозӣ қарор гирифтани соҳаҳои алоҳидаи фаъолият тибқи ҳисобҳои пешакӣ, беш аз 45 млн. сомонӣ маблағҳо ба буҷети давлатӣ ворид нагардидаанд.

-Дар маҷмӯъ, дар шашмоҳаи якуми сои 2020 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 100,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1292,5 млн.сомонии пешбинишуда ба буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 1304,0 млн. сомонӣ ворид гардидааст, — афзуд  А.Воҳидов.

Август 9, 2020 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад