Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабонро ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабонро дар Имтиҳонҳои Марказонидаи Дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон ҷамъбаст намуд, ки аз 20 ҳазору 509 нафари азнавбақайдгирифта 12 ҳазору 750 нафарашон ба ихтисосҳои интихобнамудаашон роҳ ёфтаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тақсимоти такрории довталабон дар асоси баллҳои умумии бадастовардаашон, ки қаблан сурат гирифта буд, муайян гардид. Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд то 22 август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои заруриро супоранд:
ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;
ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);
6 дона сурат (андозаи 3х4см);
маълумотнома аз ҷойи зист;
шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум);
билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
Тибқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 22 август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накардан ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.
Довталабон метавонанд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар ду марҳалаи бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфи 11‑ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамагӣ 100 398 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2019 5624 нафар ва нисбат ба соли 2018 4579 нафар зиёд мебошад.








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






