МУБОРАК БОД! Шоири тоҷик Карим Ҳайдар бо медали «Сергей Есенин»-и Россия сарфароз гардид

Август 25, 2020 11:53

ДУШАНБЕ, 25.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи нависандагони Россия шоири тоҷик, мудири бахши русии Идораи барномаҳои иттилоотии шабакаи давлатии телевизиони «Тоҷикистон» Карим Ҳайдарро бо медали «Сергей Есенин» сарфароз гардонид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Мукофот аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Россия ба ифтихори 125-солагии зодрӯзи Сергей Есенин тибқи Қонуни федералӣ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» таъсис дода шуда, ҷоизаи давлатиест, ки ба шоирону нависандагон дода мешавад. Ин медал ба номзадҳои ҷоизаи миллии адабии «Русь моя» ва инчунин ба шахсоне, ки дар рушди адабиёти рус саҳми назаррас гузоштаанд, дода мешавад. Медалҳо дар Хонаи марказии нависандагон дар Москва 2 ва 3 октябри соли 2020 дар доираи таҷлили 125-солагии Сергей Есенин супорида мешаванд.

Дар номаи Иттифоқи нависандагони Россия чунин омадааст:

«Дар асоси қарори Раёсати Иттифоқи нависандагони Россия барои Шумо Шаҳодатномаи ҳуқуқи доштани медал, силсилаи 3120 № 3165 омода карда мешавад».

Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз моҳи июни соли 2020 Карим Ҳайдар номзад ба ҷоизаи Сергей Есенин гардид ва ба ӯ ҳуқуқи нашр кардани шеърҳо дар маҷмӯаи асарҳои нависандагони гуногун (алманах)-и адабии «Русь моя» дода шуд.

ДАР АКС: Карим Ҳайдар соли 2018 бо ордени «Достоевский, дараҷаи I» сарфароз гашт. Акс аз бойгонӣ

Илова бар он, Карим Ҳайдар ба ҷоизаи адабии «Наследие» дар соли 2020 пешниҳод шудааст.

Маросими сарфарозгардонии ғолибон охири моҳи ноябр дар Москва баргузор мешавад ва он ба вақти сафари расмии Княгинаи кабир Мария Владимировна ба Россия рост меояд.

Зимни суҳбати телефонӣ бо мухбири АМИТ «Ховар» Карим Ҳайдар чунин гуфт:

«Хабар дар бораи бо медали «Сергей Есенин» мукофотонида шуданам ва ба ҷоизаи адабии Россия «Наследие» пешбарӣ гардиданам, бароям рӯйдоди муҳим дар фаъолияти эҷодӣ, инчунин шодӣ ва ифтихори бузург дар арафаи 60-солагиам буд. Солгард бароям ҷамъбасти натиҷаҳо ва рӯйдодест барои тавсифи нақшаҳо ва самтҳои нави эҷодӣ».

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Карим Ҳайдар ба ҳайси мудири бахши русии Идораи барномаҳои иттилоотии шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» кор мекунад.

6 январи соли 1961 дар шаҳри бостонии Истаравшани вилояти Суғд, дар оилаи рӯзноманигор ва нависанда Раҳим Ҳайдар таваллуд шудааст.

Соли 1983 факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуровро хатм кардааст.

Аз соли 2006 ба ҳайси мудири бахши русии Идораи барномаҳои иттилоотии шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» кор мекунад.

Ӯ ба забони русӣ шеърҳо, ҳикояҳо, драмаҳо ва очеркҳо менависад, ки баъзеи онҳо дар нашрияҳои даврии ИДМ нашр карда шудаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Голоса предков», «Дыхание любви», «Город за холмом», «Голос народной совести», «Любовь огнепоклонника», «Гиссарская баллада» ва китобҳои публитсистии «Через всю жизнь»  ва «Военный комиссар» мебошад.

Муаллифи тарҷумаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз забони тоҷикӣ ба русӣ мебошад. Ӯ як қатор асарҳои шоирону нависандагони тоҷикро ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Муаллифи барномаҳо ва филмҳои ҳуҷҷатии «Путь Лидера нации»,  «Адам поэтов»,  «Вдохновение», «Роберт Рождественский», «Тимур Зульфикаров», «Михаил Синельников — поэт и переводчик», «Таджикский Штирлиц», «Панорама», «Цветник дружбы» ва ғайраҳо мебошад.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.

Соли 2017 бо медали Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир» мукофотонида шудааст.

Соли 2018 бо ордени Россия «Достоевский, дараҷаи I» сарфароз гардидааст.

Ӯ муаллифи матни суруди (гимни) Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон мебошад.

Август 25, 2020 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад