Мутахассисон ба кишоварзони Ҳисор оид ба нозукиҳои парвариши картошка тавсияҳои муфид доданд
ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Кишт ва парвариши картошка дар қитъаҳои замини шаҳри Ҳисор» таҳти ин унвон дар кооперативи тиҷоратии ба номи Ҳайдар Мирови шаҳри Ҳисор машғулияти омӯзишӣ доир гардид, ки дар ҷараёни он дар майдони 20 гектар кишти такрории картошка анҷом дода шуд.
Дар машғулияти омӯзишӣ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҳикматулло Назиров, раисони хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор иштирок намуданд. Дар ҷараёни машғулияти мазкур мутахассисон ба кишоварзон дар бораи аҳамияти кишти такрории зироатҳо, аз ҷумла агротехника ва муҳлатҳои кишти картошка, омода кардани қитъаҳои замин дар кишти такрорӣ, интихоби замин ва тухмӣ, тарзи нигоҳубини зироат дар шароити заминҳои шаҳри Ҳисор маълумоти муфассал доданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки деҳқонон танҳо бо шинонидани тухмӣ хотирҷамъ нашуда, бояд ҳама нозукиҳои парвариши картошкаро риоя намоянд.
Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода дар назди деҳқонон гуфт, ки картошка яке аз зироатҳои асосии озуқаворӣ буда, баҳри иҷрои Барномаи озуқавории мамлакат аҳамияти муҳим дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо дар ҳар як ҷамъомаду вохӯриҳо махсус таъкид менамоянд. «Дар шароити кунунӣ, ки як қатор давлатҳои ҷаҳон ба хатару душвориҳои глобалӣ, фалокатҳои табиӣ, қашшоқию гуруснагӣ, хуруҷи бемориҳои сироятӣ, ба мисли COVID-19 гирифторанд, истифодаи самараноки замин, истеҳсоли фаровони маҳсулоти озуқаворӣ ва захираи он аҳамияти аввалиндараҷа касб менамояд. Бояд тамоми шароиту имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода бурда, ҳосилнокӣ, боздеҳи заминҳоро баланд бардорем»,- таъкид кард Нуралӣ Асозода.
Кишти такрории картошка дар кооперативи тиҷоратии ба номи Ҳайдар Мирови шаҳри Ҳисор дар ҳолест, ки кишоварзони шаҳри Ҳисор азм доранд, ки соли равон дар майдони 500 гектар картошка кишт намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.










«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад






