ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд

Август 19, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 19.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ  борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони суст меборад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 12+17 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Дар ноҳияҳои алоҳидаи куҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 27 +32 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда  ва камабри бебориш  мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония   вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.  Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Август 19, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд