ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Август 21, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  камабр ва тағйирёбанда шуда, вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр, тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 30 +35 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри  бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Август 21, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад