Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ройзаниҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Сиздиков дар сиғаи видеконфронс баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ намуда, перомуни масъалаҳои тақвияти ҳамкории ду давлат дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории стратегӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳамаи соҳаҳо таъкид гардид.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






