Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 199 ҳазор ҳолати сироятёбӣ аз COVID-19 ошкор гардид

Август 4, 2020 09:07

ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 199 ҳазор ва теъдоди ҳолатҳои фавт беш аз 4,3 ҳазор нафар зиёд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 09:00-и 4 август ба вақти Душанбе дар ҷаҳон 18 443 484 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 697 189 нафари онҳо ҷон додаанд. Давоми шабонарӯзи гузашта 199 861 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардида, 4 372 нафар вафот кардаанд.

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 9 630 598 (+153 835 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 3 982 нафар зиёд шуда, ба 363 162 нафар расидааст.

Дар Аврупо 3 391 779 сироятёфта ва 213 559 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 15 862 ва фавт — 276 ҳолат афзудааст.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 2 131 165 ва қурбониён 45 837 мебошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 55 850 нафар зиёд шуда, 838 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 862 174. Баъдан Бразилия (2 751 665), Ҳиндустон (1 855 331), Россия (856 264), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (516 862), Мексика (443 813), Перу (433 100), Чили (361 493), Испания (344 134) ва Колумбия (327 850) ҷойгиранд.

АКС аз AFP/Silvio AVILA

Август 4, 2020 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон