ШСХК «Барқи тоҷик»: Дар Тоҷикистон то имрӯз дар интиқоли барқ ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст
ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз, 4 августи соли 2020 дар интиқоли барқ ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст. Чунин иброз намуд сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Номбурда зикр кард, ки аз рӯи ҳисобҳои миёнасолӣ, тавлиди об имсол дар Тоҷикистон, алалхусус дар саргаҳи дарёи Вахш, ки сарчашмаи асосии тавлиди неруи барқ дар Тоҷикистон мебошад, кам аст. Ин ба захираи барф дар саргаҳи дарёҳои мамлакат вобаста аст. Бо вуҷуди ин ба хотири пурра бо барқ таъмин будани аҳолӣ ва иқтисодиёти миллии мамлакат бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ШСХК «Барқи Тоҷик» шартномаи содироти неруи барқро бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон пеш аз муҳлат қатъ кардааст.
«Хушбахтона, маҷрои дарёи Вахш имрӯз мусоидат карда истодааст, ки ҳар рӯз ба қадри даркорӣ ба обанбори НБО «Норак» барои зимистони дарпешистода об захира карда шавад. Мутахассисони «Барқи Тоҷик» бовар доранд, ки обанбор миёнаҳои моҳи сентябр то нуқтаи муқаррарӣ аз об пур мегардад ва зарурати маҳдудияти неруи барқ ба сокинони мамлакат намемонад», — гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.
Дар баробари ин хеле муҳим аст, ки аҳолӣ муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми мамлакатро ҳаммовозӣ намуда, неруи барқро сарфакорона истифода намоянд. «Ҳар як кВт соат неруи барқе, ки мо имрӯз сарфа мекунем, боиси беҳтар таъмин шуданамон бо барқ дар фасли зимистони дар пешистода мегардад»-гуфт дар хотима намояндаи расмии ШСХК «Барқи Тоҷик».








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






