СУТ тавсия медиҳад, ки кӯдакони аз синни 12 боло ниқоб бипӯшанд
ДУШАНБЕ, 24.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ба ин назаранд, ки бо мақсади пешгирии тавсеаи COVID-19 кӯдакони аз синни 12 боло, мисли калонсолон бояд ниқоб бипӯшанд. Тавре ки АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус Reuters иттилоъ додааст.
Тавсияи мазкур дар санади муштараки СУТ ва Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дарҷ шудааст. Кӯдакони 12- сола ва болотар аз он бояд ниқоб бипӯшанд, агар имконияти тазмини риояи фосилаи иҷтимоӣ вуҷуд надошта бошад, чунин назар доранд мутахассисони ташкилот.
Таҳқиқот нишон медиҳад, ки кӯдакони синни болоӣ дар муқоиса бо кӯдакони хурдсол, эҳтимол метавонанд дар интиқоли уфунати коронавируси нав нақши фаъолтар дошта бошанд.
Илова бар ин коршиносон ба ин тавофуқ расидаанд, ки зарурати воситаҳои муҳофизатиро истифода намудани кӯдакони то 11-сола ба чандин омилҳо бастагӣ дорад, аз ҷумла суръат ва шиддати интиқоли уфунат дар маҳали сукунат, дастрасӣ ба ниқобҳо, инчунин ҳамкории мутақобилаи кӯдак бо одамоне, ки дар гурӯҳи хатар шомил мебошанд.
Дар ҳамин ҳол СУТ ва ЮНИСЕФ муътақиданд, ки аз кӯдакони аз панҷсола хурдтар набояд талаб карда шавад, ки ниқоб бипӯшанд.
13 июл роҳбари гурӯҳи техникии воҳиди ҳолатҳои фавқулодаи СУТ Мария Ван Керкхове иброз намуда буд, ки кӯдакони то 10-сола аз ҳама камтар ба коронавирус гирифтор мешаванд ва COVID-19 -ро ба осонӣ мегузаронанд.
Тавсеаи короновируси SARS-CoV-2, ки боиси хуруҷи COVID-19 гардид, моҳи декабри соли гузашта шурӯъ шуда буд. Манбаи сироятёбӣ шаҳри Ухани Чин гардид. Дар чанд моҳ беморӣ бештар аз 210 кишвари ҷаҳонро фаро гирифт. 11 март СУТ пандемияи коронавирусро эълон намуд.
Мутобиқи маълумоти охирини Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, ки омори COVID-19 -ро ҷамъоварӣ ва таҳлил менамояд, ҳамагӣ дар ҷаҳон 23 млн ҳолати сироятёбӣ сабт шудааст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






