ТҚХ «Имконият Ховар» барҳам дода шуд

Август 5, 2020 13:11

ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ ташкилоти қарзии хурди «Имконият Ховар»-ро барҳам дод. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин тасмим тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти қарзии хурди «Имконият Ховар» оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ  гирифта шудааст.

Мақомоти ваколатдори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти қарзии хурди «Имконият Ховар» барои анҷоми расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пешниҳод менамояд.

Август 5, 2020 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст