ТАВАҶҶУҲ! 30 август «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 27.08.2020 / АМИТ «Ховар»/. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар бораи аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом додани парвозҳои чартериро дар самтҳои Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе қарор қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат.
Парвози чартерӣ дар самти Душанбе-Минск, пеш аз ҳама, барои интиқоли донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Дар робита ба ин, вазорат аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо талаботи санитарию эпидемиологиро ба назар гиранд.
Бояд гуфт, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Беларус ва Украина омодаанд ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини интиқол аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд. Барои харидани чиптаҳои ҳавопаймо дар самти Душанбе-Минск шаҳрвандон метавонанд мустақиман ба «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд.
Тавассути парвози чартерӣ дар самти Минск-Душанбе шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд. Барои шомил шудан ба рӯйхати интиқол ҳамватанонро мебояд ба сафоратҳои Тоҷикистон дар Минск ва Киев муроҷиат намоянд.
Бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиши усули реаксияи занҷири полимераз (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Ҳамзамон кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди шаҳодатнома озод мебошанд.
АКС аз бойгонӣ








Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






