Тоҷикистон бо 102 мамлакати хориҷӣ муносиботи савдои хориҷӣ ба роҳ мондааст

Август 3, 2020 13:55

ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло бо 102 мамлакати хориҷӣ муносиботи савдои хориҷӣ ба роҳ мондааст. Содироти маҳсулоти ватанӣ дар шашмоҳаи  якуми соли равон 654,4 миллион доллари ИМА–ро ташкил намуд, ки ин  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,6 миллион доллар ё 14,7 фоиз зиёд мебошад.  Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори  Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ба хабарнигорон иброз намуд.

Ба зикри номбурда, соли равон бо  мақсади рушди иқтидори содиротии мамлакат дар назди Агентӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз он харид, захира, нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти рақобатпазир ба хориҷи мамлакат мебошад, ки ин метавонад ҷиҳати рушди соҳа мусоидат намояд.

«Дар натиҷаи мусоидат ва ҳамкорӣ бо як зумра ширкатҳои ватанӣ байни Агентии содирот ва намояндагиҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ба имзо расонида шуд.  Аз ҷумла, Агентии содирот оид ба содироти меваю сабзавот бо ҶДММ «СКПродукт»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия мулоқоти муҳим баргузор намуд. Дар натиҷаи чунин ҳамкорӣ аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 40 тонна (2 фура) олу ва аз шаҳри Ҳисор 100 тонна (4 фура) олу ба Федератсияи Россия содирот карда шуд. Инчунин  аз ҷониби ҶСШК «Комбинати хӯроквории шаҳри Бохтар» ва ҶСП «Аввалин»-и ноҳияи Қубодиён 40 тонна тарбуз ба Федератсияи Россия ва 20 тонна ба Ҷумҳурии Литва содирот карда шуд»,- гуфт Шавкат Бобозода.

Август 3, 2020 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд