Ҳунар-беҳ аз зар. Дар Мӯъминобод дар либоси мактабӣ нақшҳои мардумӣ эҳё мегарданд

Август 6, 2020 15:20

ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Муъминобод корхонаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дӯхти либосҳои мактабӣ бо номи «Чирадаст» фаъол аст, ки сарварии онро зани ҳунарманд Гулбарг Боқиева ба зимма дорад. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар корхонаи мазкур 15 нафар занони хонанишин бо ҷои кори доимӣ, маош ва се вақт хӯрок таъмин буда, ҳамарӯза ба мардум хизмат мерасонанд. Дар ин рӯзҳо дар назди ин корхона ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил карда шуда, ба мизоҷон бо нархҳои дастрас пешниҳод мегарданд. Барои боз ҳам бештар дӯст доштани Ватан ва дар замири наврасону ҷавонон коштани меҳру муҳаббат ба таъриху фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон ҳунармандони ин корхона дар либосҳои мактабӣ нақшу нигори миллӣ ҳамроҳ мекунанд, то боз ҳам зеботар гарданд.

Гулбарг Боқиева зодаи ноҳияи Муъминобод буда, дар оянда мақсад дорад, ки корхонаро васеъ намуда, занони хонанишинро бо кори доимӣ таъмин намояд.

Август 6, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд