Дар Мастчоҳ табибон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати фарорасии Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки ҳамасола дар мамлакат 18 август таҷлил мешавад, ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад бо назардошти фаъолияти пурсамар як гурӯҳ табибон ва кормандони соҳа бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода кормандони соҳаи тандрустиро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, зикр намуд, ки мо фаъолияти табибону кормандони соҳаи тиб, заҳмату меҳнати духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқатро намунаи олии хизмат ба халқу Ватан арзёбӣ менамоем.
«Шумо – табибону кормандони соҳа муҳимтарин афроди ҷомеа буда, бо донишу таҷриба, маҳорату малакаи касбии худ ба одамон умри дубора мебахшед. Маҳз натиҷаи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат буд, ки тайи солҳои охир дар ноҳияи Мастчоҳ 5 маркази замонавии саломатӣба истифода дода шуд. Ҷиҳати таъмиру тармим ва навсозии муассисаҳои тандурустии ноҳия, аз ҷумла беморхонаҳои минтақавии ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва Навбаҳор, маркази саломатии ноҳиявӣ бо ҷалби аҳолӣ ва соҳибкорони саховатманд зиёда аз 2,1 млн. сомонӣ равона гардид. Ҳоло ҷиҳати пешрафти соҳаи тиб, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои беҳтарини дармону табобат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ мунтазам чораҷӯӣ менамояд»,- гуфт Тоҳир Азиззода.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






