Вазорати маориф ва илм: Дар интихоби донишгоҳҳои давлати Чин ҳушёр бошед!
ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Агентии иттилоотии «Синхуа» 6 августи соли равон дар бораи пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе ба ном «донишгоҳ»-ҳо, ки гӯё дар ҳудуди кишвари Чин фаъолият мекунанд, хабар додааст.
Вазорати маориф ва илм дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо такя ба Вазорати маорифи Чин ба маълумоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳсил дохил шудан мехоҳанд, мерасонад, ки дар мавриди интихоб ва дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ боэҳтиёт бошанд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тамоми довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таълимии ин кишварро доранд, даъват ба амал овардааст, ки ҳушёр бошанд, то ба доми фиреби «донишгоҳҳои қалбакӣ» гирифтор нашаванд.
Аз ин рӯ Вазорати маорифи Чин таъкид намудааст, ки довталабон бояд қабл аз дархост гузоштану супоридани имтиҳонҳои қабул ба таври онлайнӣ ба торнамои расмии вазорат ва ё торнамои дигар мақомоти дахлдор дар We Chat ворид шуда, дар бораи муассисаҳои таълимии интихобкардаашон маълумоти дақиқ пайдо намоянд.
Ҳамчунин дар изҳороти расмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин зикр гардидааст, ки «тамоми донишкадаву донишгоҳҳои дар вазорати мазкур ба қайд гирифташуда рамзи истисноии худро доранд, ки шаҳрвандон онро дар торномаҳои низоми махсуси бақайдгирии довталабон пайдо карда метавонанд».








Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд






