Вазорати мудофиа: 4 экипажи танкии Тоҷикистон аз 23 август то 5 сентябр дар «Биатлони танкӣ» дар Россия ширкат мекунанд

Август 17, 2020 11:49

ДУШАНБЕ, 17.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 август то 5 сентябр дар доираи Бозиҳои VI байналмилалии артишӣ «АрМИ-2020» чорабиниҳои озмуни «Биатлони танкӣ» баргузор мегарданд. Зимни баргузории ин озмун    нуҳумин  маротиба экипажи танкии  аз ҷиҳати касбӣ пурзӯртарин муайян карда  мешавад, хабар медиҳад мухбири АМИТ    «Ховар».

 Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии биатлони танкии Россия, хусусияти Бозиҳои дарпешистода, дар муқоиса бо бозиҳои қаблӣ дар ин аст, ки онҳо бо Ҳамоиши VI байналмилалии ҳарбӣ-техникии «АрМИ-2020» аз 23 то 29 август якҷо баргузор мешаванд.

Ифтитоҳи бозиҳои байналмилалии артиши «АрМИ-2020» 23 август сурат мегирад.

Дар биатлони танкӣ имсол зиёда аз 200 танкчӣ аз 16 кишвар (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Россия, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Конго, Чин, Ветнам, Лаос, Мянма, Сербия,) иштирок хоҳанд кард. Бори аввал дар он дастаи мунтахаби Қатар ширкат  меварзад.

Аз рӯи натиҷаҳои  ҳунарнамоиҳо дар соли 2019  16 даста ба ду дивизион тақсим шуда буданд. Ба дивизиони аввал дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Сербия, Ӯзбекистон ва дар дивизиони дуввум дастаҳои мунтахаби Абхазия, Ветнам, Қатар, Конго, Лаос, Мянма, Тоҷикистон, Осетияи Ҷанубӣ шомил гардиданд.

Дар марҳилаи аввал — «Пойгаи инфиродӣ» аз 23 то 30 август беҳтарин экипажи танкӣ,  аз 1 сентябр то 2 сентябр дар эстафетаи нимфиналӣ чаҳор дастаи мунтахаби беҳтарин (аз рӯи вақт),  4 сентябр беҳтарин дастаи мунтахаби дивизиони дуюм  ва 5 сентябр, дар рӯзи пӯшидани “АрМИ-2020” — ғолиби озмуни “Биатлони танкӣ” муайян карда мешаванд.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, аз ҷумҳурии мо дар биатлони танкӣ 4 экипажи танкӣ зери раҳбарии муовини фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ Маҳмадалӣ Ашуров ширкат меварзанд.

Ин бори аввал нест, ки экипажҳои мо дар биатлони танкӣ иштирок мекунанд. Соли 2019 чаҳор экипажи танкӣ ва як гурӯҳи кумаки техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо ширкат варзида буданд.

Дастаҳои ширкаткунанда ба ду дивизион тақсим шуданд. Тақсимот дар асоси рейтинги дастаҳо, ки аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаҳои соли гузашта тартиб дода шудаанд, сурат гирифт. Тоҷикистон ба дивизиони  дуввум ҳамроҳ бо Кувайт, Мянма, Ветнам, Лаос, Зимбабве, Африқои Ҷанубӣ, Уганда, Ӯзбекистон, Ангола, Судон, Куба ва Шри — Ланка шомил шуд.

Танкчиёни Тоҷикистон дар панҷ чемпионати қаблии «Биатлони танкӣ» бомуваффақият баромад карда, соҳиби мукофоти гуногун шудаанд.

ДАР АКС: иштироки намояндагони Тоҷикистон дар озмунҳои қаблии «Биатлони танкӣ». Акс аз бойгонӣ

Август 17, 2020 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид