Вилояти Хатлон дар ним сол нақшаи яксолаи содироти маҳсулоти кишоварзиро иҷро намуд

Август 14, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 14.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 90 ҳазору 235 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот содирот шудааст, ки ин  ба нақшаи яксолаи содироти маҳсулот баробар аст. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мудири бахши Намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шарофиддин Асомиддинзода иброз намуд, ки нақшаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат имсол 90 ҳазор тонна муқаррар гардидааст. То имрӯз нақшаи мазкур барзиёд иҷро ва баробар ба 100,3 фоизи дурнамо маҳсулот содир гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 4548,9 тонна маҳсулот бештар бароварда шудааст.

Имсол ба Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 76,5 ҳазор тонна, Покистон 11188 тонна, Афғонистон 2276,4 тонна, Федератсияи Россия 105,3 тонна ва Қирғизистон 63,2 тонна маҳсулот фиристода шудааст.  Аз ҷониби соҳибкорон танҳо ба кишвари аврупоии Литва 20 тонна тарбуз содир гардид.

Ба гуфти масъулин, асоси содироти маҳсулоти кишоварзиро дар вилоят пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад. Танҳо аз ноҳияи Ҷайҳун ба кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 31 ҳазор тонна пиёз содир шудааст.

Ёдовар мешавем, ки содироти меваю сабзавот дар ноҳияҳои минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон ва Норак оғоз гардидааст.

Август 14, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд