Дастаи шоҳмотбозони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии шоҳмот иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 9 август дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот дар Олимпиадаи байналмилалии шоҳмот иштирок мекунад. Мусобиқаи мазкур тариқи онлайн баргузор гардида, ба дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев, Ҷамшед Исоев, Алишер Каримов, Меҳриддин Шарифов, Ҷалолиддини Илҳомӣ, Надежда Антонова, Марворид Насриддинзода, Мутриба Ҳотамӣ, Рухшона Саидова ва Сабрина Абророва шомиланд.
Тавре котиби генералии Федератсияи миллии шоҳмот Илҳом Юнусов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳайати даста аз 6 нафар: 3 мард ва 3 зан иборат буда, онро сарвари даста Ҷамшед Исоев муайян мекунад.
Дар Олимпиадаи байналмилалии шоҳмот аз 163 давлат беш аз 1500 нафар шоҳмотбоз иштирок намуда, дастаҳои ғолиб аз рӯи холҳо муайян карда мешаванд.
«Дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот дар 9 бозӣ иштирок мекунад. Барои ба даври дуюми сабқат роҳхат пайдо кардан бояд миёни 10 даста ҷои 3-юмро ишғол намояд. Олимпиадаи байналмилалии шоҳмот тариқи онлайнӣ доир шуда, бартарияш он аст, ки иштирокчиёни мусобиқа аз хонаҳои худ истода, дар мусобиқа иштирок менамоянд»,- мегӯяд Илҳом Юнусов.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии шоҳмот моҳи июл оғоз шуда, то охирҳои август идома меёбад.
Акс аз бойгонӣ








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






