ЗАХИРАИ ЗИМИСТОН-РОҲАТИ ҶОН. Аҳли оилаи Муҳаммадшоҳ Эмомов дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд

Август 4, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо бо истифода аз мавсими ғуну чини ҳосил дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аҳли оилаи Муҳаммадшоҳ Эмомов  чун дигар сокинони мамлакат барои давраи зимистон омодагӣ мебинанд. Оилаи Эмомовҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани тирамоҳу зимистон ба таври кофӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла гандум, равған, шолӣ, лӯбиё, мош, картошка, пиёз, сирпиёз, сабзиву гӯшти қоқ захира намудаанд. Аъзои ин оила ҳамзамон аз дастранҷи деҳқонии худ маҳсулоти консервагӣ низ тайёр  намуда истодаанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар деҳаи Тоҷикобод аз манзили истиқоматии Муҳаммадшоҳ Эмомов боздид намуд. Раиси вилоят аснои боздид таҷрибаи ин оиларо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда, ба Муҳаммадшоҳ Эмомов туҳфаи хотиравӣ тақдим кард.

Таъкид карда шуд, ки бояд ҳар оила бо истифода аз имконоти худ маҳсулоти барои рӯзгор зарурӣ захира намояд.

Август 4, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард