ЗАНГ ЗАНЕД! Дар Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон ва волидайни онҳо телефони боварӣ ҷиҳати гирифтани кумаки равонӣ фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 2 июни соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон ва волидайни онҳо телефони боварӣ ҷиҳати гирифтани кумаки равонӣ ба фаъолият оғоз намуд. Барои расонидани кумаки равонӣ, ки пурра ройгон аст, 16 нафар равоншиносони ботаҷриба аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҷалб карда шудаанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН.
Тавре роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази кумаки равонӣ» Нафиса Юнусова иброз дошт, ин марказ дар якҷоягӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Мутаҳид (ЮНИСЕФ) ду моҳ пеш ба татбиқи лоиҳае оғоз бахшид, ки ҳадаф аз он расонидани ёрии равонӣ ба кӯдакону наврасоне мебошад, ки зери фишори зӯроварии гендерӣ ва шаҳвонӣ қарор гирифтаанд. Азбаски масъалаи мазкур нозук аст, алоқа ба таври махфуз сурат мегирад.
Таъсис додани чунин хати алоқа имконият медиҳад, ки наврасон ё волидайни онҳо дар куҷое набошанд, аз кӯмаки равонӣ бархурдор шаванд. Дар сурати зарурат мутахассисони мо метавонанд бо розигии шахси муроҷиаткунанда ё падару модараш бо ӯ рӯ ба рӯ суҳбат намуда, машваратҳои равонӣ диҳанд ва мизоҷи худро аз ҳолати ҳаяҷон берун оранд.
Инчунин мо имконият дорем, ки дар вақти муайян шудани ҳодисаҳои гендерӣ ва ё шаҳвонӣ ба муроҷиаткунандагони худ бо ҷалби мутахассисон кумакҳои ҳуқуқӣ ва тиббӣ низ расонем», — мегӯяд Нафиса Юнусова.
Ба зикри номбурда, сабаби асосии ифтитоҳи чунин марказ дар замони хуруҷи паҳншавии коронавирус — ин ошкор шудани ҳолатҳои афсурдаҳоливу рӯҳафтодагӣ миёни аҳолӣ мебошад.
«Ҳарчанд ки лоиҳа фарогири наврасони то 19-сола аст, вале шахсони синн соли гуногун низ ҳамарӯза занг зада, аз кумак ва тавсияҳои равоншиносон баҳравар мегарданд. Инчунин бо назардошти вазъият ва пайдо шудани бемории коронавирус мо ҳамзамон ба беморон ва шахсоне, ки аз гирифторӣ ба ин беморӣ дар ҳаросанд ва ё гирифтори чунин беморӣ ҳастанд, ёрии равонӣ мерасонем. Зеро ҳолатҳое ҳастанд, ки маризон аз беморхона ба мо занг зада, рӯҳияи худро ором мекунанд. Бояд гуфт, ки шахсоне, ки ба ин беморӣ дучор мешаванд, одатан дар ташвиш буда, ҳолати изтиробнокиашон зиёд мешавад ва нафаре, ки ин бемориро вазнин гузаронидааст, тарсу ҳароси ӯ аз такрор шудани беморӣ зиёд шуда, дар ӯ бехобӣ, афсурдаҳолӣ ва гум шудани иштиҳо мушоҳида карда мешавад. Дар ин вақт, албатта, ба ӯ ёрии равонӣ расонидан хеле зарур аст»,- шарҳ медиҳад роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази кумаки равонӣ».
Равоншиносони маркази мазкур мутахассисони таҷрибадор буда, аз кафедраҳои донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ҷалб карда шудаанд. Ҳоло миёни ин мутахассисон рӯзҳои навбатдорӣ ташкил шуда, онҳо дар рӯзҳои муайяншуда ба аҳолӣ кумаки равонӣ мерасонанд.
Давоми ду моҳи фаъолият аз ҷониби равоншиносони Марказ қариб ба 900 нафар кумаки равонии ройгон расонида шуд.
Ҳоло дар назар аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур барои равоншиносони мактабҳо ва табибони оилавӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шавад, то онҳо тӯли фаъолияти корӣ тавонанд аломатҳои рӯҳафтодагиро дар наврасон мушоҳида кунанд.









Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» ба истифода дода шуд
Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд
Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Вазирони тандурустии давлатҳои аъзои ТУТ масъалаи муқовимат ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
Дар Фаронса дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ муаррифӣ гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
Дар моҳи июл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад






