Завқӣ Завқизода: «Имсол дар Тоҷикистон 83 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт»
ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2020 дар соҳаи саноат ҷиҳати иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатисозии босуръати мамлакат, истеҳсоли маҳсулот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ 83 корхонаи нави саноатӣ бо 1135 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти Вазир, дар маҷмӯъ дар нимсолаи якум соли равон дар вилояти Суғд 34 корхона (407 ҷойи нави корӣ), вилояти Хатлон 21 корхона (143 ҷойи нави корӣ), шаҳри Душанбе 13 корхона (501 ҷойи нави корӣ), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 корхона (77 ҷойи нави корӣ) ва дар ВМКБ 2 корхона (7 ҷойи нави корӣ) ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намуданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 13137,0 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 9,2 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 банди фоизӣ кам аст.
Вазири рушди иқтисод ва савдо зикр кард, ки суръати афзоиш аз ҳисоби зиёдшавии саноати коркард (114,0 фоиз) ва таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво (104,0 фоиз) таъмин гардидааст.
Бо мақсади дар дохили мамлакат ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ бо маводи тиббӣ дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ ба 8,3 млн. дона расонида шуда, содироти он ба хориҷи мамлакат 2,7 млн. донаро ташкил дод.
Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ 55 ҳазор дона либоси махсуси тиббӣ ва 369 ҳазор дона маҳлул барои беҳдошти шахсӣ (антисептик) истеҳсол карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ коҳишёбии ҳаҷми саноати истихроҷ 1,8 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастарасӣ коркарди дуюмдараҷа 16,9 фоиз мушоҳида гардид.
Ба маълумоти номбурда, дар ин давра коҳишёбии суръати истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷ асосан аз ҳисоби зерсоҳаи истихроҷи маъданҳои филизӣ (98,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта), истихроҷи ҳар гуна канданиҳои фоиданок (81,1 фоиз) ва истихроҷи нафти хом ва гази табиӣ (96,0 фоиз) ба назар мерасад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон корхонаҳои саноатии кишвар ба як қатор мушкилот, аз ҷумла дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ ва ашёи хом, таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва мутахассисони ботаҷриба, инчунин коҳишёбии нархи молу маҳсулоти содиротии мамлакат дар бозорҳои ҷаҳонӣ дучор гардиданд.
Дар ин росто Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки аз 2216 корхонаи саноатии бақайдгирфташуда 124 корхона аз фаъолият бозмондаанд, ки аз онҳо 24 корхона дар саноати истихроҷ ва 100 корхона дар саноати коркард фаъолият менамуданд.










Масъалаи ҷалби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ ва таъмини оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Барномаи стипендияи Ҷопон дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ шуд
Дар Тошканд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд баргузор шуд
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самти рушди иқтидори захираҳои инсонӣ густариш медиҳанд






