Ба истифодадиҳии агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» дар шаҳри Левакант бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

Сентябрь 22, 2020 14:19

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ташриф оварда, ду агрегати ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакатро ба кор дароварданд.

Аз ҷониби Пешвои миллат агрегати рақами 2-и неругоҳ бо тавоноии 39 МВт ва агрегати рақами 6 бо тавоноии 49 МВт мавриди истифода қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон таҷдиди агрегати рақами 3 оғоз гардидааст. Бояд гуфт, ки иқтидори лоиҳавии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» 240 МВт-ро ташкил дода, он 5-умин неругоҳи аз лиҳози иқтидор калон ба ҳисоб меравад.

Солҳои 2010-2012 агрегати 4-уми неругоҳ бо тавоноии 45 МВт пурра таҷдиду навсозӣ гардид.

Сохтмони неругоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар сабаби истифодаи тӯлонӣ, қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буданд. Ҳамчунин бо сабаби аз кор мондани системаи назорат ва танзими баландшавии об солҳои 1993 ва1994 агрегати 2-юм қисман зери об монда буд. Агрегатҳои неругоҳ кӯҳна буда, қисмҳои эҳтиётии онҳо аз истеҳсолот баромада буданд.

Мавриди зикр аст, ки бо сабаби кӯҳна ва қисман корношоям гардидани таҷҳизот, неругоҳ бо иқтидори фоиданокии умумии 165 МВт фаъолият менамуд. Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида ва аҳамияти стратегӣ доштани неругоҳи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра барқарор намудани ин иншоот соли 2011 бо Бонки Рушди Осиё созишномаи грантӣ ба маблағи 136 миллион доллари ИМА ба имзо расонид.

Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани иқтидори неругоҳ, таъмини кори мунтазам ва самараноки он, мувофиқ намудани фаъолияти неругоҳ ба стандартҳои муосири техникӣ ва зиёд намудани муҳлати истифодаи он ба шумор меравад. Мувофиқи Созишномаи грантӣ, лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, дар доираи қисмати якуми он пурра иваз намудани 5 агрегат, иваз намудани 2 адад автотрансформатори 250 МегаВолтАмпер, бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд ва дар қисмати дуюми лоиҳа таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 киловолта дар неругоҳ пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба инкишофи бахши гидроэнергетика таъкид доштанд, ки НБО «Сарбанд» иншооти муҳиму стратегии мамлакат маҳсуб меёбад ва зимнан тадбири навсозӣ дар дигар иншооти амалкунандаи гидроэнергетикӣ ҷиҳати расидан ба мустақилияти энергетикӣ ҷараёни тоза касб хоҳад кард.

Тазаккур дода шуд, ки дар қисмати якуми лоиҳа барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсоли неруи барқ ҷараён дорад. Ба ин хотир, вобаста ба иҷрои корҳо дар доираи қисмати аввал дар натиҷаи баргузории озмуни байналмилалӣ корхонаи муштараки “Синохайдро–Хайдрочина»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ғолиби озмун дониста шуда, иваз намудани 5 агрегат, низомҳои таъминоти об, ҳавои фишурда, равған, мониторинг, ҳимоя, алоқа ва 2 адад автотрансформатори 250 МегаВолтАмпер, корҳои таъмирию барқарорсозии кранҳои борбардор, дарвозаҳои обқабулкунанда ва обпарто, корҳои соҳилмустаҳкамкунии соҳили чапи дарё ва канал, сохтмони бинои идоракунии неругоҳ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.

То ин муддат дар доираи қисмати зикргардида васли агрегати 5-ум, трансформатори генератории 3, сохтмони биноҳои маъмурию маишӣ, барқарорсозии крани 250/30-тоннагии бинои неругоҳ, сохтмони бинои идоракунӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили чапи дарё, сохтмони бинои об ва равғанҷудокунандаи садамавӣ ба анҷом расонида шуда, моҳи ноябри соли 2018 агрегати рақами 5 расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Қабл аз татбиқи лоиҳа иқтидори лоиҳавии агрегати мазкур 45 МВт-ро ташкил дода, баъди васлу насб гардидани агрегати нав иқтидори лоиҳавии он ба 49 МВт  расонида шуд.

Дар қисми дуюми лоиҳа, ки аз барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220кВ ва 110 кВ иборат аст, дар натиҷаи баргузории озмуни байналмилалӣ Консорсиуми “Генсер ва ГE”-и Ҷумҳурии Туркия тибқи шартнома бо Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи “Барқи Тоҷик” ба кор ҷалб гардид. Дар доираи қисмати дуюми лоиҳа корҳои барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ ва 110/35/6 кВ бо дарназардошти пурра иваз намудани таҷҳизоти асосию ёрирасони онҳо, аз ҷумла иваз намудани  трансформаторҳои қудратӣ, трансформаторҳои шиддат, трансформаторҳои ҷараён, дастгоҳҳои тақсимкунандаи комплектии 6 кВ, васлакҳои равғанӣ, ҷудокунакҳо, хатҳои интиқоли барқи мавҷуда дар ҳудуди неругоҳ, хати нави интиқоли барқи 220 кВ ва биноҳои идоракунӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни замон корҳо дар доираи қисмати мазкур тибқи нақша идома дошта, то ин муддат сохтмони биноҳои идоракунии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 кВ ба анҷом расонида шудааст. Васлу насби таҷҳизот дар дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/10/35 кВ ба итмом расид.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи лоиҳаи мазкур агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти барқӣ аз корхонаҳои зерпудратчиҳои ширкатҳои “ҶЕНЕРАЛ ЭЛЕКТРИК”, “ГЕНСЕР” ва “СИНОХАЙДРО” аз ҷумҳуриҳои Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон ворид карда шудаанд. Ҳамзамон вобаста ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ноқили Талко” маҷмӯи ноқилҳои барқӣ харидорӣ ва дар лоиҳа истифода гардид.

Бо дарназардошти кӯҳнаю фарсуда будани таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ то оғози лоиҳа иқтидори миёнаи он 165 МВт-ро ташкил менамуд. Дар асоси нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд” иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 240 МВт ба 270 МВт бардошта шуда, сатҳи хизматрасонӣ дар неругоҳ ва таҳвилу таъминоти неруи барқ ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.

Яъне баъди пурра анҷом ёфтани корҳои навсозӣ иқтидори ҳар як агрегати неругоҳ 20 МВт афзоиш ёфта, то тобистони соли 2021 бо иловаи қариб 100 МВт иншоот фаъолияти худро идома хоҳад дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфтаи таҷдиду навсозӣ дар НБО “Сарбанд” баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор сохтанд, ки дар қисмҳои дигари ин иншооти муҳими стратегии мамлакат тадбирҳои навсозӣ сифатан хуб ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ сомон дода шавад.

Ба истифодадиҳии агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” дар шаҳри Левакант 22.09.2020

Сентябрь 22, 2020 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд