Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд

Сентябрь 14, 2020 17:15

ДУШАНБЕ, 14.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳ — шаҳраки Бӯстон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро ифтитоҳ карданд.

Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маорифи ноҳия туҳфаи арзанда ба ифтихори 29-солагии ҷашни истиқлоли давлатӣ ба аҳли маориф ва кулли сокинони ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия аз 3 ошёна, 17 ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлисгоҳ иборат буда, бо таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуда, барои кормандон ҳамаи шароит муҳайё гардидааст.

Дар бинои шуъбаи маориф китобхона таъсис ёфта, Маркази технологияи иттилоотӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо низ ҷойгир карда шудааст, ки барои фаъолияти пурсамари кормандон ва пешрафти ин самтҳои муҳими соҳаи маорифи ноҳия мусоидат менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар суҳбат бо кормандони соҳаи маориф таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри рушди соҳаи маориф, ислоҳоти низоми таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ба комёбиҳо ноил шуда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Заҳмати омӯзгор ва кори пурмасъулияти аҳли маориф таҳти таваҷҷуҳи доимии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва донишу маърифати фарзандон, азхудкунии донишҳои замонавӣ, технологияҳои муосир, омӯзиши амиқи фанҳои даниқ, табиӣ ва риёзӣ дастуру супоришҳо доданд.

Таъкид шуд, ки кормандони соҳа дар чунин шароити фароҳамовардашуда баҳри пешрафти кори таълиму тарбия бояд пурсамар фаъолият намоянд.

Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ барои таваҷҷуҳу ғамхории доимии давлату ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи маорифу кормандони соҳа сипосу қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки баҳри рушди маорифи ноҳия, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди таълиму тарбия тамоми донишу маҳорати хешро равона месозанд.

Ба истифода дода шудани бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020

Сентябрь 14, 2020 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд