29 СОЛИ БОБАРАКАТ. Дар ин муддат беш аз 2000 км роҳҳои мошингард, 31 км нақб, беш аз 240 адад пул, 3,4 км галереяҳои зиддитармавӣ ва 214 км роҳҳои оҳан бунёд шуданд

Сентябрь 9, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 09.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи омори расмӣ, аз оғози Истиқлолияти давлатӣ то давраи таҳлилшаванда дар соҳаи нақлиёти мамлакат 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1,4 млрд доллари ИМА татбиқ гардиданд. Дар натиҷа беш аз 2000 км роҳҳои мошингард, 31 км нақб, беш аз 240 адад пул, 3,4 км галереяҳои зиддитармавӣ ва 214 км роҳҳои оҳан бунёд карда шуданд. Айни ҳол дар соҳа 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии лоиҳавии 638 млн 771,0 ҳазор доллари ИМА татбиқ шуда истодаанд, ки аз шумораи умумии 12 лоиҳа 8 лоиҳа ба таҷдиду сохтмони роҳҳо, 3 лоиҳа ба харидории техникаи нигаҳдории роҳҳо ва рушди неруи инсонӣ дар соҳа ва 1 лоиҳа ба роҳи оҳан рост меояд.

Ин нуктаро  доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраб ФАЙЗУЛЛОЕВ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.

Ба андешаи мавсуф, тадбирҳои андешидашуда на танҳо ба сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёти мамлакат, балки ба нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат расониданд. Масалан, Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) дар маърӯзаи худ оид ба вазъи рақобатпазирии ҷаҳонӣ (Global Competitiveness Report) сифати роҳҳоро (Quality of roads) дар кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ намудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯйхат мақоми 70-умро ишғол менамояд ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал мебошад (Қазоқистон мақоми 115 ва Қирғизистон мақоми 122).

Яке аз ҳадафҳои марказии Ҳукумати мамлакат- ин таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти баландсифати ғизоӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба ин солҳои охир ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва комплекси агросаностӣ, дар маҷмӯъ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Такмили низоми муносибатҳои заминдорӣ, ба деҳқон додани ихтиёри истифодаи замин, азхудкунии заминҳои нав, бунёди боғу токзори нав имконият доданд, ки дар соҳаи кишоварзӣ тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайванданд. Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 27,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ соли 2019 нисбат ба соли  1997  5,6 маротиба афзоиш ёфтааст.

Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият дод, ки фаъолияти растанипарварӣ (ғаллакорӣ, картошкапарварӣ, парвариши сабзавот, зироати полезӣ, токпарварӣ, меваҷот ва ғайра) ва чорводорӣ (истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва ғайра) ба таври назаррас афзоиш ёбад. Дар баробари ин, тавассути қабули барномаҳои давлатӣ рушди соҳаи занбӯри асал ва моҳипарварӣ низ инкишоф ёфта, солҳои охир маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ қисми муҳими маҳсулоти содиротиро ташкил медиҳад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки саноат соҳаи муайянкунандаи иқтисоди миллӣ буда, сатҳи рушди муносибатҳои истеҳсолӣ ва сифати зиндагонӣ ба соҳаи саноат алоқамандии бевосита дорад. Вобаста ба ин солҳои охир саноати мамлакат дар маркази татбиқи ислоҳот қарор дошта, саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми рушди миллӣ эълон карда шуд.

Саноатикунонии босуръати мамлакат натиҷаҳои калони мусбат дошта, ба бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори он мусоидат карда, сабаби бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони мамлакат  ва  ба даст овардани музди меҳнати кофӣ мегардад, ки ин дар навбати худ ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум ва некӯаҳволии мардум мебарад.

Бо истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, криолит, фториди алюминий, кислотаи сулфат ва коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба самти саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ роҳи васеъ мекушоянд.

Тавре ҳамсуҳбати мо мегӯяд, рушди ҷараёни саноатикунонии мамлакат ба болоравии иқтидори истеҳсолӣ ва бартарафсозии масъалаҳои иҷтимоии он, махсусан зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротшаванда ва афзоиши даромади буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

Бо назардошти он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи зеризаминӣ мебошад, корхонаҳои металлургияи ранга дар оянда ба кор даромада, иқтидори содиротии мамлакатро меафзоянд.

Дар амалишавии ҷараёни саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо доир ба ҷалби сармояи мустақим бояд саҳми калон дошта бошанд, баҳри бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Тазаккур бояд дод, ки раванди саноатикунонӣ ба бунёди корхонаҳо дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ ва канданиҳои зеризаминӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, масъалаи тайёр намудан ва бозомӯзии кадрҳо барои соҳаҳои мазкур ба миён омада, таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзиро талаб менамояд.

Дар чаҳорчӯбаи бехатарии миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти нисбатан муҳим пайдо намуда, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фаровонии бозор, арзонии нархҳо, истифодаи дурусти қувваи қобили меҳнат ва ҳалли мушкилоти ҳаёти ҷамъиятию иҷтимоии шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Дар ин замина тавассути бунёди корхонаҳои хурду миёна ва калони саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар ММД аз 15,2% соли 2016 то 17,3% соли 2019 афзоиш ёфт. Дар баробари ин айни замон соҳаҳои алоҳидаи саноати миллӣ, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, саноатӣ истихроҷ ва ғайраҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тавонистанд истеҳсоли кифояи маҳсулоти соҳаро ба роҳ монда, воридоти онро коҳиш диҳанд ё пурра аз байн баранд.

Маҳсулоти саноатӣ соли 2019 нисбат ба соли 2012 зиёда аз дуюним баробар зиёд гардида, айни замон дар кишвар зиёда аз 2160 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият мекунанд. Шумораи миёнасолонаи коркунони истеҳсолоти саноатӣ 85,6 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ мувофиқи омори расмӣ, соли 2019 ба 27586,6 млн. сомонӣ баробар гардида, аз ин 4853,3 млн. сомонӣ ба саноати истихроҷ, 15927,5 млн. сомонӣ ва 6624,2 млн. сомонӣ ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво рост меояд. Ҳамзамон сохтори соҳавии саноат тағйир ёфта, айни замон саноати коркард 57,7%, саноати истихроҷ 17,6% ва истеҳсол ва тақсими неруи барқ, газ ва об 24,0% ташкил медиҳад. Дар 6 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 13137,0 млн.сомонӣ, суръати рушди он ба 9,2% баробар шуд.

Вобаста ба ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтори саноатӣ фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ рушд намуда, дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 198486,8 ҳаз. сомонӣ, аз ҷумла: дар МОИ «Суғд»-163260,8, МОИ «Данғара»-34339.3, МОИ «Панҷ»-886,7 ҳазор сомонӣ баробар шуд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 7 соли охир бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи саноати сабук 49 корхонаю коргоҳҳо ифтитоҳ ёфтаанд, ки дар онҳо зиёда аз 7300 ҷойи кори нав муҳайё гардидааст. Аз ин шумора 11 корхонаю коргоҳ бо 1475 ҷойи кор дар соли 2013, 7 корхонаю коргоҳ бо 950 ҷойи кор дар соли 2014, 8 корхонаю коргоҳ бо 1710 ҷойи кор дар соли 2015, 3 корхонаю коргоҳ бо 995 ҷойи кор дар соли 2016, 5 корхонаю коргоҳ бо 600 ҷойи кор дар соли 2017, 6 корхонаю коргоҳ бо 510 ҷойи кор дар соли 2018, 5 корхонаю коргоҳ бо 280 ҷойи кор дар соли 2019 ва 4 корхонаю коргоҳ бо 850 ҷойи кор дар ҳафт моҳи соли 2020 рост меоянд.

Як аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият- ин таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар маҷмӯъ мебошад. Дар ин давра на танҳо асноди меъёриву ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул гардиданд, балки механизмҳои дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандгардонии бозорӣ низ такмил дода шуданд. Дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва танзими шароити созгор барои рушди соҳибкорӣ имкон дод, ки ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД ба андозаи назаррас боло рафта, соҳибкорӣ ба фишанги муҳимтарини таҳрикдиҳандаи иқтисодиёти миллӣ табдил ёбад.

Ба қавли вакили Маҷлиси намояндагон, рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ тадбирҳои иловагии иқтисодӣ ва институтсионалӣ низ таъсири мусбат бахшиданд. Барои мисол, ташкили МД «Фонди дастгирии соҳибкорӣ», эълони моратория ба санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектҳои хоҷагидор, такмили низоми иҷозатномадиҳӣ ва ташкили «равзанаи ягона» муҳити соҳибкориро комилан тағйир дода, барои рушди ҳаматарафаи он замина гузоштанд. Мувофиқи омори расмӣ, дар мамлакат 284,7 ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғул буда, дар баробари ин 172668 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хотири фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ҷидду ҷаҳди зиёд ва ислоҳоти иқтисодиро мунтазам идома дод, ки дар натиҷа Тоҷикистон тибқи арзёбии ташкилоти байналмилалии молиявӣ, ба рӯйхати 10 давлати пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дохил гардид.

Дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ бо иштироки ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷу коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият карда истоданд.

Ба андешаи Машраб Файзуллоев, Истиқлолияти давлатӣ имконият дод, ки мамлакат мо робитаҳои мустақими тиҷоратию иқтисодиро бо давлатҳои хориҷӣ барқарор намуда, дар баробари амалисозии фаъолияти содиротию воридотӣ, ҳамчунин ҷалби сармоягузориро ба роҳ монад. Дар ин росто тавассути андешидани тадбирҳои мушаххас иқлими сармоягузорӣ дар мамлакат такмил дода шуда, ба сармоягузорони хориҷӣ як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва институтсионалӣ пешниҳод карда шуд. Тадбирҳои андешидашуда имконият доданд, ки бахши сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми муассир гузорад.

Барои мисол, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 649 корхонаҳои муштарак фаъолият мекунанд, ки на танҳо дар ҷалби сармоягузории хориҷӣ, балки дар баландбардории самаранокии истифодаи захираҳои табиию иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат аҳамияти калидӣ доранд. Даромади корхонаҳои муштарак соли 2018 ба 10751,0 млн. сомонӣ баробар гардида, дар сохтори маҳсулоти саноатӣ саҳми калон доранд.

Танзими шароити мусоид ва фароҳам овардани фазои созгори рушд на танҳо боиси таъмини инкишофи иқтисодӣ гардид, балки нуфузу эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар арзёбиҳои созмону ташкилоти байналмилалӣ мавқеи хос ишғол менамояд. Дар ҳамин замина солҳои охир дар мамлакат стратегия ва барномаҳои мукаммали соҳавӣ таҳия ва татбиқ шуда истодаанд, ки осебпазирии иқтисоди миллиро коҳиш дода, дар аксар соҳаҳои иқтисодиёт тағйироти сифатан нав ва заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.

Имрӯзҳо самтҳои асосии рушди иқтисодиёти миллӣ фарогири тақвияти иқтидори институтсионалии мамлакат, аз он ҷумла баландбардории самаранокии идоракунии давлатии иқтисодиёт ва рушди минтақаҳо буда, тамоюли солҳои охир аз асоснокӣ ва таъсирбахшии сиёсати давлатии таъмини рушди иқтисодӣ шаҳодат медиҳад. Дар баробари ин танзими шароити мусоид барои рушди неруи инсонӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ки бо рушди иқтисодӣ ба ҳам алоқаманду вобаста мебошанд, ҷиҳати гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ, тақвияти чорабиниҳо ҷиҳати ташаккули иқтисодиёти сабз ва рақамикунонии иқтисодиёт шароити муосид фароҳам меоранд.

Ҳамин тавр, бо гузашти инак 29 соли соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати комил ва фарогири давлатӣ рушди бемайлон дошта, сифати рушд, аз ҷумла рушди бахши воқеӣ, таъмини шуғл, такмили низоми молиявӣ ва фазои сармоягузорӣ мавриди зикри хос мебошад. Дар ҳамин росто такмили муносибатҳои истеҳсолӣ, таҳкими ҳавасмандии субъектони фаъолияти иқтисодӣ ва иҷрои босифати стратегия ва барномаҳои давлатӣ имконият медиҳанд, ки Тоҷикистони мо ояндаи наздик ба давлати пешрафтаи саноатӣ ва сарзамини амалишавии орзуҳо табдил ёбад.

-Тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 омадааст: «Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».

Мардуми шарифи Тоҷикистон итминони комил доранд, ки сиёсати созандаю ободкоронаи давлат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзафзун идомаву тақвият меёбад, зеро мақсаду ҳадафи чунин сиёсати воқеӣ фақат пешрафти иқтисодиёт, маънавиёт, илм, фарҳанг ва иҷтимоиёти ҷомеа буда, дурнамои ҳадафҳояш расидан ба саодати мардум ва осудагиву тараққиёти мамлакат мебошад,-баён дошт вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраб Файзуллоев дар анҷоми суҳбат.

Сентябрь 9, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд