Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Парчам ва Нишони давлатиро дар ноҳияи Шаҳритус ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Исмоили Сомонии ноҳия рамзҳои асосии давлатдорӣ — Парчам ва Нишони давлатиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Баландии Парчам якҷо бо сутунпояаш 53 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 бар 7 метр мебошад.
Пояи Нишони давлатӣ 28 метрро ташкил менамояд.
Корҳои сохтмонӣ дар Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳия иқдоми нек арзёбӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд.
Атрофи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо гулу дарахтони сояафкану ороишӣ ва фаввораҳо оро дода шуда, ҳамчунин барои истироҳати шаҳрвандон нишастгоҳҳои замонавӣ насб гардидаанд. Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои назди Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ сафолакпӯш гардидааст, ки барои гаштугузори бошандагони ноҳия мусоид мебошад.
Майдони мазкур дар масоҳати умумии 0,87 гектар бунёд гардида, ба симои ноҳия ҳусну таровати тоза зам менамояд. Баъди ба истифода додани рамзҳои давлатдории миллӣ, барои истироҳату фароғати сокинони ноҳияи Шаҳритус низ имконияти хуб фароҳам гардид.
Ҳамин гуна корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Шаҳритус идома дошта, дар назар аст, ки то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз даҳҳо иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






