ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара кӯдакистони «Гулистон» бунёд шуд

Сентябрь 7, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара  кӯдакистони «Гулистон»  ба истифода дода шуд. Кӯдакистони мазкур аз ҷониби соҳибкор Абдуваққос Нишонов сохта шуда, барои 175 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  саҳми соҳибкорон дар пешрафту шукуфоии шаҳри Исфара назаррас мебошад. Аз ҷумла, бо иқдоми соҳибкори бурунмарзии зодаи Исфара Миразиз Усмонов зиёда аз 5 км роҳҳои дохилии деҳоти Кӯлканд ба маблағи беш аз 1 млн сомонӣ пурра  асфалтпӯш шуда, масоҳати 1,1 км роҳи кӯчаи марказии деҳа бо харҷи 77 ҳазор сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Ҳамчунон бо ташаббус ва  маблағгузории соҳибкор Ҷамшед Бузуруков 600 метр роҳи кӯчаи Гузар асфалтпӯш карда шуд. Дар ин радиф, бо дастгирии соҳибкорон дар деҳаи Гулистон варзишгоҳи хурди муосир бунёд ва мавриди баҳрабардории ҷавонону наврасон қарор дода шуд.

Ҳоло дар шаҳри Исфара бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дошта, сокинони  ҳар маҳалла, шаҳраку деҳот ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо талош доранд ин ҷашни давлатиро бо рӯҳияи тоза пешвоз гиранд.

Сентябрь 7, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»