Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон масъалаи нақшаи ҳудудии МОИ-и «Кўлоб»-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳадаф аз ташкили Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» — ин ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ, беҳтарсозии қобилияти харидорӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии сокинони минтақа мебошад. Ин матлаб имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён шуд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, аъзои Шӯро дар ҷаласаи навбатии он «Нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кўлоб»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода изҳор намуд, ки «Нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кўлоб» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, ҷиҳати иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Нақшаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ мебошад”,- афзуд Муҳаммадато Султонов.
Сипас Рустам Латифзода иброз дошт, ки бо дарназардошти асосҳои дар боло зикргардида, “Нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” барои тасдиқ ба баррасии ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки МОИ «Кӯлоб» соли 2019 дар 309 гектар таъсис дода шуда, соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд. Минтақаи нав дар назди фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ҷой гирифта, шаклан саноатӣ-инноватсионӣ хоҳад шуд. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи иқтисодии мазкур ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ –«Суғд, «Панҷ», «Данғара», «Ишкошим» ва «Кӯлоб» таъсис дода шудаанд, ки МОИ «Суғд» ва «Данғара» аз минтақаҳои озоди иқтисодии фаъол маҳсуб мешаванд.
Аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор дода, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои зикршуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






