Ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаҳо супорида шуданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода маросими супоридани Шаҳодатномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номзадҳои бақайдгирифташуда сурат гирифт.
Шаҳодатномаҳо ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам Барот, Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ, Эмомалӣ Раҳмон, Раҳматзода Рустам ва Абдуллоев Мироҷ Санонович дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст.