Барно Саидвализода: «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди соҳаи истеҳсолоти иҷро беназир аст»

Сентябрь 9, 2020 08:33

ДУШАНБЕ, 09.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон роҳи мушкили ташаккули давлатдориро аз сар гузаронида, ба ҳаводиси ногувор  ва фалокатовар дучор гардид. Ҳамагон дарк намуданд, ки бе давлати аз лиҳози сиёсию ҳуқуқӣ тавоно амнияти ҷомеа ва рушду нумӯи кулли соҳаҳои асосии онро таъмин кардан ғайриимкон аст. Ин матлабро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Файзали НИЁЗ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Барно Саидвализода дар остонаи ҷашни 29-умин  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт. Барно САИДВАЛИЗОДА дар идомаи ин мавзӯъ чунин ибрози назар намуд:

— Ҳамин истиқлолияти комилу озоди Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ки бо мақсади беҳтар намудани иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ бо ташаббуси сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018 Хадамоти  иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Бояд гуфт, ки Хадамоти  иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.

Хадамот диққати асосиро ба барқарор намудани зарари ба манфиати давлат ва шаҳрвандон расонидашуда равона намуда, рафти иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатиро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор медиҳад. Мансубини Хадамоти иҷро вазифаҳои касбии хеш — иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии санадҳои судиро оид ба баҳсҳои гражданӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин, иҷрои санадҳои дигар мақомотро бо риояи принсипҳои истеҳсолоти иҷро, аз қабили қонуният, сари вақт гузаронидани амалҳои иҷро ва татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ, эҳтироми қадр ва номуси шаҳрванд, дахлнопазирии ҳадди ақалли молу мулки барои зиндагии шаҳрванди қарздор ва оилаи ӯ зарурӣ ба амал мебароранд.

Хадамот  баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро ва барқарор намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда тибқи қонунгузорӣ истифода менамояд.

Мояи ифтихор аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2020  «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳбарияти ин мақомоти навтаъсис бори аввал бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ кормандонеро, ки натиҷаҳои хуби кориро ноил гаштаанд, бо рутбаҳои дараҷавӣ сарфароз менамояд. Ҳамзамон бори аввал аст, ки роҳбарияти Хадамот кормандонро аз ҳисоби маблағҳои махсус бо либоси низомӣ ва шаҳодатномаҳои намунаи тасдиқшудаи хизматӣ таъмин менамояд.

Итминони комил дорам, ки кормандони Хадамоти иҷро бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани азизамонро минбаъд низ қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии худ мешуморанд, садоқати хешро ба Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол бо кору пайкори амалии ҳаррӯзаашон собит месозанд ва ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои хуби меҳнатӣ, сазовор гаштан ба боварии мардум, иҷрои воқеии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот ва бо ҳамин васила баланд бардоштани обрӯю нуфузи мақомот дар ҷомеа талош хоҳанд варзид.

Сентябрь 9, 2020 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид