Барно Саидвализода: «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди соҳаи истеҳсолоти иҷро беназир аст»
ДУШАНБЕ, 09.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон роҳи мушкили ташаккули давлатдориро аз сар гузаронида, ба ҳаводиси ногувор ва фалокатовар дучор гардид. Ҳамагон дарк намуданд, ки бе давлати аз лиҳози сиёсию ҳуқуқӣ тавоно амнияти ҷомеа ва рушду нумӯи кулли соҳаҳои асосии онро таъмин кардан ғайриимкон аст. Ин матлабро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Файзали НИЁЗ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Барно Саидвализода дар остонаи ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт. Барно САИДВАЛИЗОДА дар идомаи ин мавзӯъ чунин ибрози назар намуд:
— Ҳамин истиқлолияти комилу озоди Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ки бо мақсади беҳтар намудани иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ бо ташаббуси сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Бояд гуфт, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.
Хадамот диққати асосиро ба барқарор намудани зарари ба манфиати давлат ва шаҳрвандон расонидашуда равона намуда, рафти иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатиро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор медиҳад. Мансубини Хадамоти иҷро вазифаҳои касбии хеш — иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии санадҳои судиро оид ба баҳсҳои гражданӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин, иҷрои санадҳои дигар мақомотро бо риояи принсипҳои истеҳсолоти иҷро, аз қабили қонуният, сари вақт гузаронидани амалҳои иҷро ва татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ, эҳтироми қадр ва номуси шаҳрванд, дахлнопазирии ҳадди ақалли молу мулки барои зиндагии шаҳрванди қарздор ва оилаи ӯ зарурӣ ба амал мебароранд.
Хадамот баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро ва барқарор намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда тибқи қонунгузорӣ истифода менамояд.
Мояи ифтихор аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2020 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳбарияти ин мақомоти навтаъсис бори аввал бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ кормандонеро, ки натиҷаҳои хуби кориро ноил гаштаанд, бо рутбаҳои дараҷавӣ сарфароз менамояд. Ҳамзамон бори аввал аст, ки роҳбарияти Хадамот кормандонро аз ҳисоби маблағҳои махсус бо либоси низомӣ ва шаҳодатномаҳои намунаи тасдиқшудаи хизматӣ таъмин менамояд.
Итминони комил дорам, ки кормандони Хадамоти иҷро бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани азизамонро минбаъд низ қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии худ мешуморанд, садоқати хешро ба Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол бо кору пайкори амалии ҳаррӯзаашон собит месозанд ва ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои хуби меҳнатӣ, сазовор гаштан ба боварии мардум, иҷрои воқеии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот ва бо ҳамин васила баланд бардоштани обрӯю нуфузи мақомот дар ҷомеа талош хоҳанд варзид.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд






