«Бонки Эсхата»: 100 нафар мизоҷон соҳиби мукофоти пулӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. 100 нафар мизоҷони «Бонки Эсхата», ки тариқи низоми интиқоли пул ба таври ғайринақдӣ интиқоли пулии худро қабул карданд, ҳар кадоме соҳиби 600 сомонӣ туҳфаи пулӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур хабар доданд.
Даври дуюми аксияи «Ҳамқадами замон» ҷамъбаст гардид ва фонди туҳфавии даври дуюм 60 000 сомониро ташкил медод.
«Барои онҳое, ки то ҳол аз ин иқдом бехабар ҳастанд, хотиррасон мекунем, ки дар пеш онҳоро даври сеюм бо фонди туҳфавии 90 000 сомонӣ интизор аст. Яъне боз 100 нафари дигар ҳар кадом соҳиби 900 сомонӣ туҳфаи пулӣ хоҳанд шуд», — илова намуд манбаъ.
Хотиррасон менамоем, ки моҳи июли имсол «Бонки Эсхата» оғози аксияи «Ҳамқадами замон»-ро эълон кард, ки он аз 3 даври байнимарҳилавӣ ва даври финалӣ иборат аст.
Дар ҷамъбасти даври финалӣ 12 адад туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва туҳфаи асосӣ — мошини «Хундай Аксент» бурд карда мешаванд.
«Он мизоҷоне, ки интиқоли пулии худро тариқи ғайринақдӣ аз хешовандони дар хориҷа буда ба ҳамёни электронӣ, суратҳисоби бонкӣ ва корти пардохтӣ қабул мекунанд, иштирокчии аксия мегарданд. Ҳаҷми интиқол набояд аз 5000 рубли ФР кам гардад»,-тазаккур доданд дар бонк .








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






