Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигӣ дар манзили истиқоматии бародарон Собирҷон ва Олим Баротзодаҳо дар шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш
ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш ҳамчунин аз ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигии бародарон Собирҷон ва Олим Баротзодаҳо дидан намуданд.
Масоҳати замини наздиҳавлигии бародарон Баротзодаҳо 8 садякро дар бар мегирад ва дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар самти гирифтани ҳосили фаровон аз қитъаҳои корам ҳамаи он пурсамар истифода гардидааст.
Дар замини наздиҳавлигии бародарон ҳамасола анвои гуногуни зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, сабзӣ, картошкаву пиёз, шалғам, турб, карам, қаламфури булғорӣ, лӯбиёгӣ ва ғайра кишту парвариш карда мешаванд.
Баротзодаҳо бо истифода аз маданияти баланди заминдорӣ аз қитъаи наздиҳавлигии хеш ҳамасола ду — се ҳосил гирифта, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти оила ба қадри кофӣ маҳсулот захира мекунанд ва ба бозор низ мебароранд.
Ҳоло баъди гирифтани ҳосили якум ва дуюм бародарон кишти тирамоҳии зироатро ба роҳ монданд, ки нашъунамои хуб дорад.
Пешвои муаззами миллат ба хонаводаи Баротзодаҳо, ки ҳамчун оилаи ҷавон ва намунавӣ дар ноҳияи Вахш ба шумор меравад, барои истифодаи самараноки замин ва ба ин восита дастгирӣ намудани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ба бародарон ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли анвои гуногуни маҳсулот дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсули заҳмати бародарон ва захираи маводи озуқаи ин оила дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола бонувони ин хонавода аз ҳосили замини наздиҳавлигии худ ва боғоти он маҷмӯи гуногуни хӯрданиҳо, аз ҷумла мураббо, шарбати мева ва намудҳои гуногуни хӯришҳо омода ва захира менамоянд.
Захираи картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ ва дигар намуди лӯбиёгиҳо дар ин оила низ аз замини наздиҳавлигӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилаи Баротзодаҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба истифодаи оқилонаву самараноки ҳар порча замин ва рӯёнидани ду — се ҳосил ҳидоят намуданд.
Ба ин оилаи намунавӣ дар шаҳраки Вахш барои дастгирӣ аз сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти истифодаи самараноки замин туҳфаҳои Пешвои миллат тақдим карда шуд.
Дар ҳамин ноҳия сокинони кӯчаи ба номи Хайриддин Давлатови шаҳраки Вахш ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти нонӣ ва захираи маводи хӯрокворӣ ба намоиш гузоштанд.
Тавре маълум гардид, сокинони ноҳия заминҳои дар ихтиёрдоштаро пурсамару мақсаднок истифода мекунанд ва дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мебаранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд






