Дар Академияи идоракунии давлатӣ мавзӯи «Сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро матраҳ менамоянд

Сентябрь 19, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба анҷом мерасад.

Зимни оғози курс ноиби якум, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим Даврон Сафаров, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ибодат Ғанизода ва сардори шуъбаи иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қумриннисо Азизова сухан гуфта, моҳияти давраи омӯзишии мазкурро ба иштирокдорон тавзеҳ доданд.

Зикр гардид, ки соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар давлат нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсолии он, фароҳамсозии устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ метавонад саҳми босазо гузорад.

Дар курси мазкур маърӯзачиёни асосӣ аз Академияи идоракунии давлатӣ буда, инчунин аз Вазорати саноат ва технологияи нав низ ҷиҳати баргузории дарсҳои амалӣ мутахассисон даъват шудаанд.

Дар назар аст, ки дар ҷамъбасти курс дар мавзӯи «Сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» бо иштироки роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳамоиш доир гардад.

Сентябрь 19, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!