Дар Душанбе бо нозирони байналмилалӣ муколама доир гардид

Сентябрь 22, 2020 16:19

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода мудири шуъбаи мониторинги интихоботии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Юлия Анисимова ва ташхисгари ин созмон Станислав Ткаченкоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот вобаста ба масоили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, равандҳои интихоботӣ, имкониятҳои ҳизбҳои сиёсӣ, нақшаву барномаҳои номзадҳо, мавқеи ҳизбҳо доир ба вазъияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва  муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Аснои муколама Саидмурод Фаттоҳзода таъкид намуд, ки «имконоти воситаҳои ахбори омма ба таври шаффофу баробар дар ихтиёри номзадҳо қарор дошта, ҳеҷ монеае барои ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди таблиғоти интихоботӣ вуҷуд надорад».

Юлия Анисимова ва Станислав Ткаченко ҳамзамон бо номзадҳои интихоботи президентӣ Рустам Қудратов ва Рустам Латифзода мулоқот намуданд.

Дар мулоқот намояндаи Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва муовини котиби генералии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода сухан гуфт.

Ёдовар мешавем, ки 11 октябри соли равон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он 5 номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, барои назорати раванди интихобот нозирони созмону ташкилоти байналмилалӣ даъват шудаанд.

Сентябрь 22, 2020 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ