Дар Душанбе машварати кории гурӯҳҳои дӯстии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон нишасти машваратии ҳайати байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон- гурӯҳҳои дӯстӣ баргузор гардид. Дар нишасти машваратӣ муҳимтарин масъалаҳои байнидавлатию ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳокима шуда, ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои тарафайн таъкид намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар раванди гуфтугӯи тарафҳо таъкид намуд, ки «муносибатҳои ду давлати ҳамҷавор дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ дар тамоми самтҳо рушди густурда пайдо намуда, ба шарикии стратегӣ мубаддал гардиданд, ки аз иродаи қавии роҳбарони сиёсии ду давлат шаҳодат медиҳанд».
Муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов раванди ҳамкории тарафайнро неку дурандешона номида, рушди муносибатҳоро барои ҳарду давлат муҳим ва манфиатбор арзёбӣ намуд.
Дар ҳамоиши гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ 4 масъала: дар бораи дурнамои ҳамкории минбаъдаи байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон; дар бораи вазъи иҷрои шартҳои дар Ёддошти соли 2019 байни палатаҳои поёнии ду давлат баимзорасонидашуда ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда; ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин таҳкими робитаҳои ҳасанаи байниминтақавӣ ва рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ — АБП ИДМ, АП САҲА мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт.
Худи ҳамин рӯз меҳмонони ҷониби Ӯзбекистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, толори таърихӣ ва толори иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон дидан намуданд.








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






