Дар Душанбе машварати кории гурӯҳҳои дӯстии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид

Сентябрь 21, 2020 15:29

ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон нишасти машваратии ҳайати байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон- гурӯҳҳои дӯстӣ баргузор гардид. Дар нишасти машваратӣ муҳимтарин масъалаҳои байнидавлатию ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳокима шуда, ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои тарафайн таъкид намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо  Мансурӣ дар раванди гуфтугӯи тарафҳо таъкид намуд, ки «муносибатҳои ду давлати  ҳамҷавор дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ дар тамоми самтҳо рушди густурда пайдо намуда, ба шарикии стратегӣ мубаддал гардиданд, ки аз иродаи қавии роҳбарони сиёсии ду давлат шаҳодат медиҳанд».

Муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов раванди ҳамкории тарафайнро неку дурандешона номида, рушди муносибатҳоро барои ҳарду давлат муҳим ва манфиатбор арзёбӣ намуд.

Дар ҳамоиши гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ 4 масъала: дар бораи дурнамои ҳамкории минбаъдаи байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон; дар бораи вазъи иҷрои шартҳои дар Ёддошти соли 2019 байни палатаҳои поёнии ду давлат баимзорасонидашуда ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда; ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин таҳкими робитаҳои ҳасанаи байниминтақавӣ ва рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ — АБП ИДМ, АП САҲА мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт.

Худи ҳамин рӯз меҳмонони  ҷониби Ӯзбекистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, толори таърихӣ ва толори иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон дидан намуданд.

Сентябрь 21, 2020 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд