Дар Исфара барои бонувони хонанишин коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ коргоҳи хурди дӯзандагӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси шаҳри Исфара иттилоъ медиҳад.
Коргоҳи дӯзандагӣ аз ҷониби соҳибкор Ҳокимбой Каримов бунёд ёфта, дар марҳилаи аввал 12 нафар занони бешуғли маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Дар коргоҳ барои бонувон навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурдӯзӣ, шерозбофӣ, кӯрпадӯзӣ, муҳрабофию кокулсозӣ, тоқидӯзӣ, кешбофӣ ва рафидадӯзию кашидадӯзӣ омӯзонида мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод 10 сентябри соли 2019 дар суҳбати самимӣ бо ин модарони ҳунарманд иброз доштанд, ки «сару либоси миллӣ инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаву ҳунарҳои миллӣ буда, қавму миллатҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар сокини мамлакат, бахусус занони тоҷик ин аст, ки дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақшгузор бошанд ва барои пешгирӣ аз бегонапарастиву тақлидкорӣ миёни ҷавонон, ҳамчунин ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат саҳм гузоранд».
Имрӯзҳо корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дар шаҳри Исфара ва деҳоти он бо саҳми фаъолонаи мардум муташаккилона идома доранд.
Дар шаҳр аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 130 ҳазор сомонӣ бинои муассисаи таълимии №29 таъмиру навсозӣ гардидааст.
Ҳамзамон сокинони Исфара бо баргузор намудани ҳашари умумӣ 4,5 километр роҳро навсозӣ ва мумфарш намуданд.








Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






