Дар Новосибирск ба хотири баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир шуд

Сентябрь 18, 2020 16:16

ДУШАНБЕ, 18.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба хотири баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати раисону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони минтақаи  Сибир ҷамъомади машваратӣ баргузор гардид.

Тавре  хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад,  вохӯриро Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Зардӣ Шамсиддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба тартиби гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуд.

Зикр шуд,  ки ҳар шахсе, ки  тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳуқуқи дар интихоботи президентӣ иштирок кардан дорад, бо масъулияти зиёди шаҳрвандӣ бояд дар он ширкат намуда, ба хотири фардои дурахшони давлату миллат овоз диҳад.

Ба таъкиди Зардӣ Шамсиддин, «дар даврае, ки дар бархе аз кишварҳои дуру наздик душманони дохиливу берунӣ барои манфиату ғаразҳои геополитикиву сиёсии худ давлатҳои ободро ба харобазор табдил додаву миллионҳо одамонро овораю ҳалок ва  дастнигари як пора нони дигар кишварҳо кардаанд, мо бояд ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва ифтихори  миллии худро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем. Балки бо масъулияти бештар фикру амаламон бояд барои ҳифзи марзу бум, ҳифзи сулҳу осоиштагии меҳан ва муаррифии номи неки миллату давлат равона бошад».

Тибқи маълумоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Новосибирск барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъркаи муҳими сиёсӣ тамоми корҳои омодагӣ ҷараён доранд ва барои иштироки интихобкунандагон нуқтаву участкаҳои интихоботӣ муайян гардидаанд.

Дар ҳамоиш муовини раиси Ҷамъияти тоҷикони Новокузнестк Зикриё Раҳимов, муовини раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Томск Рафик Ахмедов, муовини раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Консулгарӣ дар шаҳри Новосибирск Муҳаммадӣ Давлатов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Бердск Ҷамолиддин Турдибеков, мутахассиси намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Шералӣ Нуриддин, раиси Ҷамъияти тоҷикон бо номи «Сомониён» Минҳоҷиддин Каримов, раиси Ҷамъияти минтақавӣ дар вилояти Новосибирск бо номи «Помир» Акимбек Мамадризобеков, сардори бахши ҷавонони Ҷамъитяти тоҷикони шаҳри Новосибирск бо номи «Дружба» Умед Ҷувонов ва дигарон дар бораи ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳифзу гиромидошти оинҳои миллӣ ва маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон сухан гуфта, номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Сентябрь 18, 2020 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон