«Гуфтугӯи ду насл». Таҳти ин унвон бахшида ба 90-солагии «Ҷавонони Тоҷикистон» ҳамоиши ҷумҳуриявии рӯзноманигорон доир шуд

Сентябрь 12, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 12.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар  «Шарқи озод» бахшида ба 90-солагии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» таҳти унвони «Гуфтугӯи ду насл» ҳамоиши ҷумҳуриявии рӯзноманигорони ҷавон ва собиқадор доир гардид.  Дар ҳамоиши мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, собиқадорони соҳаи рӯзноманигорӣ, устодони факултаҳои журналистика ва ҷавонону навқаламон иштирок намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  дар оғози ҳамоиш китоби тозанашре, ки аз ҷониби рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо номи «Пири дилҷавон» рӯи чоп омада буд, рӯнамоӣ шуд.

Абдулло Раҳмонзода кормандони рӯзномаи мазкурро бо ҷашни 90- солагӣ табрик намуда, зикр намуд, ки «Ҷавонони Тоҷикистон» аз зумраи рӯзномаҳое мебошад, ки бо сабку услуби хоси хеш дар таҳкими дӯстиву рафоқат, якдиливу созандагӣ ва ватандӯстиву худшиносии аҳли ҷомеа нақши бориз гузоштааст.

«Агар ба таърихи рӯзнома назар афканем, маълум мегардад, ки рӯзнома  90 соли бурду бохт ва дастовардҳои муҳими таърихии миллати тоҷикро дар худ таҷассум намудааст. Дарвоқеъ, рисолати ҳар рӯзнома аз  он иборат аст, ки дар раванди фаъолияти худ, пеш аз ҳама, тарғибгару ташвиқкунандаи дастовардҳои миллӣ, муқаддасоти давлатӣ ва арзишҳои фарҳангию таърихии миллати хеш мебошад. Мояи хушнудист, ки ин рисолатро рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар фаъолияти худ сарбаландона иҷро намудаву имрӯз низ ба ҷо меорад»,- афзуд Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Ба андешаи сармуҳаррири рӯзнома,  «Ҷавонони Тоҷикистон» мактаби эҷодкорони ҷавон мебошад, ки дирӯзро бо имрӯз ба ҳам пайваста, дар саҳифаҳои худ шодию ғам ва бурду бохти миллатро тӯли 90 сол инъикос намудааст.  «Ҷавонони Тоҷикистон» аз шумули рӯзномаҳое мебошад, ки вазифаҳои худро софдилона иҷро менамояд ва мактаби бузург барои ҷавонони навқалам маҳсуб меёбад.

Дар анҷоми  ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат ба кормандони кунунӣ ва собиқадорони  рӯзнома  сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аввалин маротиба бо номи «Комсомоли Тоҷикистон» 5 апрели соли 1930 бо теъдоди 500 дона ба нашр расидааст. Соли 1930 рӯзнома ҳамагӣ 57 шумора чоп шуда, дорои 8 ходими эҷодӣ буд. Рӯзнома тӯли фаъолияти худ 3 маротиба тағйири ном намуда, аз соли 1998 инҷониб бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон» нашр ва дастраси хонандагон мегардад.

Сентябрь 12, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид