Гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон аз шаҳри Турсунзода дидан намуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари кории гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Меҳмононро муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамроҳӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, меҳмононро Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода пазироӣ намуд. Ҳайати меҳмонон бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддассоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турснзода дидан намуданд.
«Меҳмонон ба токзори хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» тшриф оварда, доир ба нашъунамои ангур, навъҳо, усули парвариш, тарзи нигоҳдории маҳсулот дар сардхонаҳо, самтҳои содирот ва дигар масоили вобаста ба парвариши ангур бо деҳқонони шинохтаи Тоҷикистон Неъматҷон Усмонов ва Маҳмадамин Мадумаров суҳбат анҷом доданд», — илова кард манбаъ.













ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд






