Хайринисо Юсуфӣ бо намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ мулоқот намуд

Сентябрь 25, 2020 08:32

ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ-ро, ки ба ҳайси мушоҳидони байналхалқӣ бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, қабул намуд.

Тавре аз дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд ба ҳайат сардори шуъбаи мониторинги интихоботи Институти байналхалқии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихобкунандагони Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ Юлия Анисимова ва коршиноси Институти байналхалқии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихобкунандагони Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ Станислав Ткаченко  шомил буда, онҳоро муовини котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ – намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ Бахтовар Сафарзода  ҳамроҳӣ намуд.

Зимни мулоқот муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ иттилоъ дод, ки “дар мамлакат маъракаи ташвиқотии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад. 5 ҳизби сиёсӣ номзади худро пешбарӣ намуда, дар доираи ҳуқуқҳои баробар дар вохӯриҳо иштирок ва барномаи худро муаррифӣ мекунанд. Анҷумани XIV ҲХДТ номзадии раиси ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси номзади арзанда пешниҳод намудааст ва имрӯз номзади мо бо истифода аз ҳуқуқҳои қонунгузории худ тавассути шахсони боэътимодашон ба аҳолӣ барномаи пешазинтихоботиашонро муаррифӣ мекунанд”.

— Бояд ошкоро ва воқеъбинона иброз намоем, ки таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ва рушди босуръати мамлакат ба номи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи бевосита дорад, — гуфт Хайринисо Юсуфӣ.

Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои маҳбубияти хосса миёни мардуми мамлакат ҳастанд. Ин ҳақиқати бебаҳс аст. Ҳайсият, шахсият, фаъолият, хидматҳо ва ҷойгоҳи Пешвои миллат дар таърихи навини мамлакат комилан равшан буда, мардум нақши ин шахсияти таърихиро дар сарнавишти давлат хуб медонанд. Фаъолияти ҳизб зери роҳбарии бевоситаи Раиси он ба роҳ монда шудааст. Номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Тоҷикистон бо шиори «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони интихоботӣ ворид гардидааст. Мардуми сарбаланди мамлакат иброз медоранд, ки ҷонибдорӣ аз барномаи номзади ҳизб дар асл ҷонибдорӣ аз сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ аст. Яъне, аз сиёсати таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва суботу амнияти миллӣ, — таъкид намуд Х.Юсуфӣ.

Зимни мулоқот ба таври мухтасар оид ба махсусиятҳои барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки яке аз онҳо заминаи амалӣ доштани барнома мебошад. Барномаи номзади мо дар асоси таҷрибаи амалии давлатдорӣ таҳия шудааст.

Маълумот дода шуд, ки барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар маҷмӯъ аз 7 бахш иборат аст – «Сиёсати иқтисодӣ», «Маориф ва илм», “Шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”, “Фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот”, “Ҷавонон, занон ва варзиш”, “Масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ” ва “Сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ”.

Х.Юсуфӣ инчунин иброз намуд, ки дар доираи имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳамаи номзадҳо ба мансаби президентӣ дар асоси ҳуқуқҳои баробар ба корзори интихоботӣ ворид шуда, имрӯзҳо бо аҳолӣ мулоқот менамоянд ва самтҳои муҳимтарини барномаи хешро муаррифӣ мекунанд. Эҳтироми тарафайн дар ин вохӯриҳо ба ҷо оварда мешавад.

-Иштироки ҳайати бонуфузи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳогузории воқеъбинонаю беғаразонаи шумо барои мо муҳим аст, — иброз намуд муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ.

Юлия Анисимова барои қабул ва маълумоти муфассал ба роҳбарони ҳизб изҳори сипос намуда, оид ба таассуроти мусбаташон аз сафар ба Тоҷикистон ибрози назар кард.

Мавсуф таъкид дошт, ки мониторинг, ҳамоҳангӣ ва мутобиқат кардани интихоботи қарибулвуқӯъ ба меъёрҳои байналхалқӣ аз ҳадафҳои асосии сафари ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ба Тоҷикистон аст.

Ба сифати корҳои ташкилӣ баҳои баланд дода шуд. Ҷалб ва иштироки аҳолӣ дар маъракаи ташвиқотии номзадҳо қаноатбахш аст.

Зимни мулоқот аз ҷониби ҳайат оид ба ташкили низоми корӣ дар кумитаҳои иҷроияи ҳизб, истифода аз вақти эфири телевизионию радиоӣ барои номзадон, ҷалби ҷавонон ва мушоҳидони миллӣ дар маъракаҳои таблиғотӣ ва тарзу усули замонавии таблиғу ташвиқ бо истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои интихоботӣ пурсида шуд.

Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои қаноатбахш доданд. Гуфта шуд, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бонуфузтарин ҳизбҳои сиёсии мамлакат буда, беш аз 494 ҳазор аъзо дорад. 48 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 37 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Кор бо воситаҳои муосири электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба таври мунтазам ба роҳ монда шудааст. Аз ҳисоби аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” барои мушоҳидони миллӣ дар ҳамаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо семинарҳои омӯзишӣ ва дастурдиҳӣ баргузор гардиданд. Таъкид шуд, ки ҲХДТ дар маъракаи интихоботӣ бо масъулияти комил ва ҷиддӣ иштирок мекунад.

Барномаи номзади ҳизб дар заминаи таҷрибаи давлатдории тоҷикон бо назардошти беҳтарин усулҳои муосири давлатдории ҷомеаи мутамаддини байналмилалӣ таҳия шуда, дар меҳвари он фароҳам овардани шароити мусоид ва шоиста барои зиндагии ҳар шаҳрванди давлат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амнияту оромии Тоҷикистон қарор дорад.

Мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Сентябрь 25, 2020 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон