«Хизмат ба Ватан шараф аст»- таҳти чунин унвон дар Левакант ҳамоиш оид ба даъвати тирамоҳии наваскарон оғоз гардид

Сентябрь 21, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат ҷараён дорад, 19 сентябр дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Левакант таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шараф аст» ҳамоиш  доир гардид. Дар он 36 нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳозир шуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси шаҳри Левакант иттилоъ медиҳад.

Раиси шаҳри Левакант Зарина Давлатзода ба волидайни ҷавононе, ки бо амри дил баҳри адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан камари ҳиммат бастаанд, миннатдорӣ баён намуд. Мавсуф зикр намуд, ки  «дар ин маъракаи муҳим эҳсос гардид, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҷавонон аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тасдиқ карданд».

Бо иқдоми Комиссариати ҳарбӣ дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳар ҷавоне, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмати ихтиёрӣ интихоб мекунад, ба якчанд имтиёз соҳиб мешавад, ки яке аз онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 2 сентябри соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расид.

Сентябрь 21, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд