Хоруғ: Комиссияи ҳавзавии интихоботии №18 ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ мебинад

Сентябрь 14, 2020 15:13

ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои комиссияи ҳавзавии интихоботии шаҳри Хоруғ, №18 аз 14 участкаи интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуда, бо раисон ва аъзои онҳо  оид ба баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ суҳбат намуданд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файзи МИРАСАН аз марказим маъмурии ВМКБ иттилоъ медиҳад.  

Пас аз ин боздид  котиби комиссияи ҳавзаи интихоботии мазкур  Анвар Акрамов гуфт, ки “ҳавзаи мо аз рӯзи ба тасвиб расидани қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил кардани комиссияҳои ҳавзавии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба фаъолият  оғоз намуда,  нақшаи корию реҷаи навбатдорӣ тасдиқ кард”.

Бинои ҳавзаи интихоботӣ ва ҳамаи  участкаҳои интихоботии ба он вобаста мутобиқи талабот ҷиҳозонида  шуда, бо маводу таҳизоти зарурии коммуникатсионӣ таъмин гардидаанд. Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки  14 участкаи интихоботӣ пурра бо ҳуҷра ва қуттиҳои овоздиҳӣ таъминанд ва барои хизматрасонии тиббӣ, модароне, ки фарзанди хурдсол доранд, афроди имконияташ маҳдуд ва нозирони минтақавию байналмилалӣ низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Котиби комиссияи ҳавзавии интихоботии Хоруғ, №18 гуфт, ки маъракаи барӯйхатгирии интихобкунандагон оғоз гардида, плакатҳо 15 рӯз пеш аз интихобот барои шиносоӣ дар участкаҳои интихоботӣ овехта мешаванд. Ба мақсади ширкати фаъоли раъйдиҳандагон ва иттилои бештар дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва дар дохилу беруни биноҳои комиссияи ҳавзавии интихоботу участкаҳои интихоботӣ шиору овезаҳо насб шуданд.

Ҳамчунин ҳамарӯза миёни аъзои комиссияи интихоботӣ ва раъйдиҳандагони ҷавон роҷеъ ба принсипҳои асосии интихобот ва тарзи овоздиҳӣ мубодилаи афкор сурат мегирад.

Котиби ҳавзаи интихоботии Хоруғ, №18 итминони комил дорад, ки интихоботи дар пешистода ба омили муҳими муттаҳидсозии тоҷикистониён, таҳкими ҳарчи бештари ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар мамлакат мубаддал хоҳад ёфт.

Сентябрь 14, 2020 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон